Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Сенарияи куҳна. Иштирокчиёни давраи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо маълум шуданд
Қуръакашии мусобиқаи Лигаи чемпионҳо барои давраи 1/8 ниҳоӣ ба анҷом расид ва 16 даста рақибони худро пайдо карданд.
Ҳамин тавр, аз як тараф «ПСЖ» - «Челси», «Галатасарай» - «Ливерпул», «Реал Мадрид» - «Манчестер Сити», «Аталанта» - «Бавария» бо ҳам рақобат мекунанд. Аз ҷониби дигар, «Нюкасл Юнайтед» - «Барселона», «Атлетико» Мадрид - «Тоттенхэм», «Будё-Глимт» - «Спортинг» ва «Байер» - «Арсенал» ба майдон мебароянд.
Маълум аст, ки дар тарафи якуми ҷадвал бошгоҳҳое ҳастанд, ки ҳар бозиашон монанди финал аст ва дар муқоиса бо тарафи дуюми ҷадвал онҳоро рақобидони мушкил интизор аст. Барои мисол, боз ҳамон сенарияи куҳна амалӣ шуд ва бори дигар дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Манчестер Сити» бо ҳам рақобат мекунанд. Соли гузашта низ дар ҳамин давр ин ду бошгоҳ ба майдон баромада буданд ва ҳар ду бозӣ ба фоидаи дастаи шоҳона ба анҷом расида буд.
Ҳамчунин, маълум шуд, ки бозиҳои якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо 10-11-уми март ва бозиҳои дуюм бошанд, 17-18-уми март доир мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод