Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Артиши Лубнон аз сарнагунии як паҳподи исроилӣ дар ҷануби ин кишвар хабар дод
Артиши Лубнон аз суқути як паҳподи артиши Исроил, ки муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар шаҳраки Ҳула - Марҷаъюн дар ҷануби ин кишвар буд, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории миллии Лубнон, артиши ин кишвар дар иттилое эълом кард, ки як паҳбоди муҷаҳҳаз ба маводи мунфаҷира дар рӯзи якшанбе дар шаҳраки Ҳулаи минтақаи марзии Марҷаъюн суқут кард.
То кунун ҳеч вокуниши расмӣ аз сӯи режими Исроил дар бораи масъулияти ин паҳпод мунташир нашуда аст.
Минтақаи Марҷаъюн, ки дар наздики марз бо сарзаминҳои ишғолии Фаластин воқеъ аст, дар моҳҳои ахир пайваста шоҳиди нақзи ҳарими ҳавоӣ ва ҳамлаҳои паҳподии Исроил буда аст.
Суқути ин паҳпод дар Ҳула, ки яке аз шаҳракҳои марзӣ дар ҷануби Лубнон аст, нишондиҳандаи идомаи талоши Тел-Авив барои нуфуз ба умқи хоки Лубнон ва эҷоди таниш дар минтақаи марзӣ аст.
Артиши Лубнон, ки тибқи қатъномаи 1701-и Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид масъулияти ҳифзи амният дар ҷануби ин кишварро бар уҳда дорад, дар моҳҳои ахир чандин бор муваффақ шуда аст паҳподҳои ҷосусӣ ва интиҳории Исроилро, ки ба ҳарими ҳавоии Лубнон нуфуз карда буданд, сарнагун ё бо шиллики зиддиҳавоӣ маҷбур ба фирор кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд