Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Як қочоқбару 46 баста маводи мухаддир. Боз сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда шуд
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 10-уми феврал, тахминан соати 01:20 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии “Дарқади”-и қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 4 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ карда шуд. Як нафар қочоқбар Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуда, аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид.
“Ҳамчунин, аз ҷойи ҳодиса 2 адад камераи резинӣ дарёфт карда шуд, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳадӣ давлатӣ аз он истифода бурдаанд. Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд”, - омадааст дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба далели мазкур аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст