"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Масъалаи “алимент” дар кишвар. 270 парвандаи ҷиноӣ, ҷустуҷӯи 753 кас ва қарздор будани 13 ҳазору 765 нафар
Тибқи иттилои Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025 бар зидди 270 нафар бо гумони саркашӣ аз пардохти “алимент” барои таъмини фарзандонашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба қавли манбаъ, дар соли сипаригашта 753 кас барои саркашӣ аз додани “алимент” ва пинҳон кардани маҳалли зисташон дар ҷустуҷӯйи мақомоти интизомӣ қарор гирифтанд.
Имрӯз, дар нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар ҳоли ҳозир 13 ҳазору 765 нафар барои напардохтани “алимент” дар рӯйхати қарздорони ин ниҳод қарор доранд, ки аз ин шумора 8 ҳазору 332 нафар дар соли 2025 ба феҳристи қарздорони ворид шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз падарон ба манфиати модару кӯдак 179 миллиону 904 ҳазору 447 сомонӣ “алимент” ситонида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”