Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Се кас нобуд карда шуд. Боз қочоқбарон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карданд
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 29-уми январ, тахминан соати 19:30 дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и қисми ҳарбии 0341-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 5 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки қочоқбарон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, бо истифода аз силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кӯшиш карданд, ки ба самти Афғонистон фирор намоянд.
"Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ 3 қочоқбари афғон Ҷовид валади Давлатманд, Рошид валади Давлатманд, сокинони қарияи Ворича ва Собир валади Зоҳир, сокини қарияи Анҷири вулусволии Чаҳёби вилояти Тахори Афғонистон дар ҷойи ҳодиса нобуд карда шуданд. Ба 2 қочоқбар муяссар гардид, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд", - омадааст дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 3 ҷасади қочоқбари афғон, 3 автомати Калашников бо 4 тирдон, 150 дона тири қутрашон гуногун, миқдори зиёди тирҳои парондашуда, 4 борхалта бо 73 баста воситаи нашъадори навъҳои «ҳашиш» ва «афюн», инчунин, 1 қаиқ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст