Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Артиши Исроил баъзе фармондеҳонашро ба хотири шикаст барканор кард
Эёл Замир, сардори Ситоди артиши режими Исроил, пас аз доир гардидани ҷаласаҳои арзёбӣ бо чанд афсари аршади низомӣ, маҷмуи чораҳои танбеҳӣ ва барканорсозиро нисбат ба чанде аз онҳо амалӣ намуд.
Тибқи ин тасмим чанд генерал-майори захираи артиши Исроил, аз ҷумла Аҳарон Ҳалива, Раиси пешини бахши иттилооти низомӣ, Ярон Финкелман, фармондеҳи собиқи минтақаи ҷанубӣ ва Уди Басёқ, роҳбари пешини бахши амалиёт аз вазифа озод карда шуданд. Ҳамчунин, Авӣ Розенфелд, фармондеҳи дивизияи захираи артиш ва афсари иттилооти ҳамин дивизия аз вазифа барканор шуданд.
Гуфта мешавад, Эёл Замин ба чанде дигар аз афсарон, аз ҷумла Томер Бар, фармондеҳи неруи ҳавоӣ, Шломӣ Байндер, сардори конунии иттилооти низомӣ ва Довид Саар Салмӣ, фармондеҳи неруи баҳрӣ огоҳӣ додааст.
Дар айни ҳол, Аҳарон Ҳалива ва Ёси Шариэл, фармондеҳи собиқи воҳиди 8200 дар ҷаласаҳои имрӯз ҳузур надоштанд ва қарор аст дар марҳилаҳои баъдӣ дар додгоҳ ҳозир шаванд, то раванди барканории онҳо аз захира комилан анҷом ёбад.
Ин иқдом тақрибан ду ҳафта баъд аз он сурат гирифт, ки Эёл Замин гузориши мукаммали генерал-майори бознишаста Соми Турҷуман дар хусуси нокомиҳои пеш аз ҳамлаи 7-уми октябрро дарёфт кард.
Қаблан низ чанд нафар аз фармондеҳон ва афсарони баландрутбаи саҳюнист, ки дар вақти ҳамлаи 7-уми октябр масъулият доштанд, истеъфо дода ва масъулияти нокомиро дар пешигирии ҳамла бар дӯш гирифта буданд.
Дар 7-уми октябри соли 2023 ҳаракати Ҳамос дар посух ба ҷиноятҳи пайваста ва ҳамарӯзаи режими ишғолгари Исроил зидди мардуми Фаластин ва муқаддасоти он, бахусус масҷиди Ал-Ақсо, пойгоҳҳои низомӣ ва шаҳракҳои гирдогирди Ғаззаро ҳадаф қарор дод.
Мақомоти Исроил ин ҳодисаро бузургтарин шикасти иттилоотӣ ва низомӣ дар таърихи ин режим донистаанд, ки зарбаи ҷиддӣ ба нуфузи Тел-Авив ва артиши он дар сатҳи байналмилалӣ ворид намуд.
Оташбас ба ду соли ҳамлаҳои густурдаи режими Исроил ва генотсиди васеъ дар Ғазза, ки бо ҳимояти Вашингтон анҷом мешуд, хотима дод. Ин ҳамлаҳо бештар аз 69 ҳазор кушта ва беш аз 170 ҳазор захмӣ дар миёни фаластиниён ба ҷо гузошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд