4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:36, Душанбе
19.11.2025 15:00

“Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ...” даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” баргузор шуд

Тавре ки АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 18-уми ноябр даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” ҷамъбаст гардид.

Манбаъ меафзояд, ки дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” зиёда аз 60 ҳунарманди ноҳияҳои пойтахт ва корхонаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Ғолибон соҳиби Диплом, туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмунро ба даст оварданд.

“Ҳадаф аз баргузории ин озмун бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад”, - қайд мегардад дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур дар асоси “Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо