Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Як сарбози исроилӣ барои ифшои навори таҷовузи фаластинӣ қасди худкушӣ кардааст
Йиҷат Темер Ерушалмӣ, собиқ ҳуқуқшиноси низомии исроилӣ, ки бо ҷасорат навори таҷовузи ҷинсии як боздоштшудаи фаластинӣ аз сӯи сарбози исроилӣ дар боздоштгоҳи бадномаи “Сде Тайман”-ро фош карда буд, рӯзи якшанбе қасди худкушӣ намудааст.
Деэнни Лев, коммисари полис бо лаҳни беинсофона гуфт, ки “ӯ имрӯз қасд кард, ки худро кушад. Ӯ аз ҳаёт розӣ нест.
Агар вай ҷиноят содир кардааст, ин ба симои артиш таъсир мегузорад, ба рафтори сарбозон таъсир дорад. Мо фарзандони худро ба низоме месупорем, ки бояд мутмаин бошанд, ҳич кас иттилоотро фош намекунад. Аз ҳамин сабаб, мо ин масъаларо таҳқиқ мекунем”.
Навори фошшуда, айбномаи сангин бар зидди режими Исроил нишон медиҳад, ки сарбозони пурмусаллаҳ, як боздоштшудаи фаластинии чашмаш баста ва дастбандшударо ба зӯрӣ гирифта, бо сипарҳои зиддиошӯб ӯро иҳота кардаанд, то таҷовузи дастаҷамъонаи худро пинҳон кунанд.
Тибқи иттилои манбаъҳо, ин қурбонӣ ба Ғазза бозгардонда шудааст. Ӯ ҷароҳатҳои сангин, аз ҷумла осеби маъқад, кафидани рӯда, зарар ба шуш ва шикастани қабурғаҳоро аз сар гузарондааст. Ҷароҳатҳое, ки аз шиканҷаи системавӣ дар лагерҳои боздоштгоҳи Исроил дарак медиҳанд.
Ифшои навори таҷовуз ва шахсе, ки онро фош кардааст, хашми умумро барангехтааст, аммо худи ҷиноят канор гузошта мешавад.
Ин қазия талоши шадиди низоми режими ишғолгар барои хомӯш кардани онҳоест, ки ҳақиқатро мегӯянд.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ин фошкуниро “шадидтарин ҳамла ба робитаҳои умумии режим” номид ва бепарвоии худ нисбат ба ваҳшониятҳои анҷомшударо нишон додааст.
Ин ифшогарӣ дар замоне рӯй дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ҷиноятҳои режимро маҳкум мекунанд. 156 кишвар Фаластинро эътироф кардаанд ва Суди ҷиноии байналмилалӣ барои роҳбарони исроилӣ варақаҳои боздошт барои ҷиноятҳои ҷангӣ содир кардааст.
Зулмҳои содиршуда дар “Сде Тайман” воқеаи ҷудогона нестанд. Онҳо бахше аз як маъракаи наслкушӣ мебошанд, ки аз моҳи октябри соли 2023 то ба имрӯз ҷони беш аз 69 ҳазор фаластиниро гирифтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд