Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Ҷаримаи доруфурӯш барои ба фурӯш гузоштани маводи сахттаъсири «Лирика»
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҷаримаи доруфурӯше хабар дод, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ талаботи қонунгузорӣ ва муқаррароти соҳаи тандурустиро сарфи назар намуда, доруи сахттаъсири накологиро ба фурӯш гузоштааст.
Ба қавли манбаъ, кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни санҷиш муайян кардаанд, ки Меҳрубон Ҳасанзода, сокини 33-солаи ш. Душанбе зимни фаъолият дар дорухонаи ҶДММ «БОНУ» воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ ба фурӯши маводи сахтъсири «Прегабалин», ба истилоҳ «Лирика» машғул шудааст.
Гуфта мешавад, ки аз номбурда дар умум 141 адад чунин моддаи сахттаъсир дарёфту мусодира карда шудааст.
Нисбат ба Меҳрубон Ҳасанзода бо моддаи 128 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 3750 сомонӣ таъин гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод