Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Оғози иҷрои созиши оташбас дар Ғазза
9-уми октябр иҷрои марҳилаи аввалини созиши оташбас дар Ғазза ҳамзамон бо истиқболи густурдаи байналмилалӣ оғоз шудааст.
Манбаъҳои хабаргузории “Ал-Арабия” хабар доданд, ки татбиқи созиши оташбас ва мубодилаи гурезаҳо ва маҳбусон субҳи панҷшанбе шуруъ шуд. Тибқи ин гузориш, як барномаи фарогир барои равандҳои мубодилаи гурезаҳо тартиб дода шудааст ва Ҳамос интиқоли гурезаҳои Исроилро ба маконҳои амн оғоз кардааст.
Манбаъҳо ҳамзамон афзуданд, ки миёнаравон аз ҳолати гурезаҳо огоҳ шудаанд ва ҳамоҳангӣ бо Салиби Сурх барои супоридани онҳо ба тарафи Исроил ҷараён дорад. Гуфта мешавад, миёнаравон ба марҳалаҳои супоридан ва мубодила назорат хоҳанд дошт.
Дар ҳамин ҳол, яке аз мақомҳои дафтари Сарвазири Исроил эълон кард, ки иҷрои расмии оташбас ба тасвиби ниҳоии созиш дар ҷаласаи ҳукумат вобаста аст, ки ҳамон рӯз баргузор мешавад. Ҷаласаи Шурои амниятии Исроил соати 15 ба вақти маҳаллӣ ва ҷаласаи пурраи ҳукумат соати 17 барои раъйпурсии ниҳоӣ пешбинӣ шудааст. Манбаъҳои давлатӣ мегӯянд, Бенямин Нетаняҳу дар ҳар ду ҷаласа аз пуштибонии аксарияти узвҳо бархӯрдор мебошад.
Баъд аз ду соли ҷанг ва муҳосира, дар манотиқи гуногуни Ғазза фазои оромтар ҳукмфармо шудааст ва сокинон оғози иҷрои созишро истиқбол кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд