24 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 03:15, Душанбе
24.09.2025 10:21

Таиланд: Замин 50 метр фурӯ рафт

Дар шаҳри Бангкоки Таиланд роҳи мошингузар паҳноиаш 30 метр ва ҷуқуриаш 50 метр фурӯ рафт.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки бар асари ин офати табиӣ фавтидагон ва осебдидагон ба қайд гирифта нашудааст.

Ин фурӯравӣ дар кӯчаи Самсен, пеш аз беморхонаи Ваҷир ба қайд гирифта шудааст.

Шаҳрдорӣ ҳаракати нақлиётро дар ин минтақа бастаанд ва фаъолияти беморхона то ду рӯз қатъ карда шуд ва 3500 бемор ба ҷойҳои бехавф кучонида шуданд. Ба сокинони наздик ба ин мавзеъ низ дастур дода шуд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Ин ҳодиса соати 7:13 ба вақти маҳаллии шаҳри Бангкок, рӯзи 24 сентябри соли 2025 рух додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

23.09.2026 18:07

Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз кишварҳои ғарбӣ хост фишор ва таҳримҳо алайҳи Русияро идома диҳанд. Ӯ ин дархостро дар ҳоле баён кард, ки барои иштирок дар нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк қарор дорад.
23.09.2026 18:01

“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” дар гузориши хабарие суханронии Доналд Трамп дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси захираҳои нафт, ҷанги Ғазза ва мубориза бо маводи мухаддир ва чанд иддаоҳои муболиғаомези ӯро мавриди санҷиш қарор дода, дурӯғ будани онҳоро фош намудааст.
23.09.2026 15:45

Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Боку бо мунтахаби футболи Озарбойҷон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мулоқоти ду тим соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena» доир мешавад.
23.09.2026 12:23

Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд

22-юми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 81-умин Иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва равобити байналмилалии Подшоҳии Лесото Лимфо Ҷастис Тау мулоқот намуд.
23.09.2026 12:22

Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид

Дар ноҳияи Спитамен чорабинӣ баргузор шуда, дар доираи он ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
23.09.2026 09:41

Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари Дафтари минтақавии Гурӯҳи БИР вохӯрӣ кард

22-юми сентябр вазири рушди иқтисод ва савдо ва мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари навтаъини Дафтари минтақавии Гурӯҳи БИР Ҳаммад Зафар Ҳундал вохӯрӣ намуд.
23.09.2026 09:36

МОИ “Данғара” бо “Гомел-Ратон”-и Беларусия роҳҳои нави ҳамкориҳои логистикиро меҷӯяд

Раисони минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”-и Тоҷикистон ва “Гомел-Ратон”-и Беларус дар хусуси рушди ҳамкории логистикӣ, ҷалби сармоя ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ гуфтугӯ намуданд.
23.09.2026 09:24

Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ

Энди Бернем, сарвазири Бритониё дар суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки кишвараш дар муқобили таҳдидҳо алайҳи Исроил ва яҳудиён дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла аз ҷониби Эрон, дар канори Исроил меистад.
23.09.2026 09:06

Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”

Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар умури Ховари Миёна мегӯяд, ки намояндагони Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом додаанд.