19 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 05:25, Душанбе
12.09.2025 07:36

Нетаняҳу Қатарро ба ҳамлаи дубора таҳдид кард

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар паёми тозаи худ ба Қатар ҳушдор дод, ки агар ин кишвар паноҳ додан ба террористонро идома диҳад, дубора ба он ҳамла хоҳанд кард.

Сарвазири Исроил рӯзи чоршанбе, 10-уми сентябр дар маросими ёдбуди ҳамлаҳои 11-уми сентябри Амрико гуфт, “кишварҳое, ки ба террористон паноҳ медиҳанд, бояд онҳоро ихроҷ кунанд ё ба адолат супоранд. Дар акси ҳол Исроил худ иқдом хоҳад кард”.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз қабл ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба биное дар шаҳри Давҳа зарба заданд. Ба гуфтаи мақомоти Қатар  дар ин бино ҳайати музокиракунандаи Ҳамос ҷаласа баргузор мекарданд. Дар пайи ин ҳамла ҳадди аққал шаш нафар кушта шуданд.

Мақомоти Қатар дар посух ба таҳдидҳои Исроил гуфтаанд, ки ба ҳамлаи Исроил посухи қотеъи муштарак хоҳанд дод. Кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Умон ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум намуда, таъкид кардаанд, ки ин амал суботи минтақаро таҳдид мекунад.

Давлати Қатар дар солҳои ахир нақши миёнарав миёни Ҳамос ва Исроилро бозӣ мекард. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки даъвати Ҳамос ба Қатар бо пешниҳоди Амрико сурат гирифта буд ва ҳамла ба қароргоҳи роҳбарони Ҳамос раванди озодии асирон ва оташбасро ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 17:37

Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст

Бонки ҷаҳонӣ дар изҳороти нави худ ҳушдор дод, бо вуҷуди пешбинии рушди иқтисодии Афғонистон дар соли 2026, коҳиши даромади аҳолӣ, афзоши нахи маводи ғизоӣ ва камбуди об вазъияти зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст.
18.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул дар мулоқот бо раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон Сайид Карим Ҳошимӣ масъалаи таъсиси бозори муштрак дар минтақаи марзии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.