Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Сарвазири Қатар: “Ҳамлаи Исроил терроризми давлатӣ барои бесуботсозии минтақа аст”
Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Қатар шайх Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ дар нишасти хабарӣ ҳамлаи Исроил ба кишварашро маҳкум намуда, гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди даҳ дақиқаи ҳамла мақомоти ин кишварро аз ҳамлаи Исроил хабардор кардааст.
“Кишвари мо мавриди ҳамлаи хоинона аз ҷониби неруҳои ишғолгари Исроил қарор гирифт, ки ҷуз “терроризми давлатӣ” номи дигар бар он ниҳодан мумкин нест”- таъкид кард Сарвазири Қатар.
Ӯ чунин гуфт: “Мо дар мавриди амнияти сарзаминамон кӯтоҳӣ нахоҳем кард ва ҳаққи посухро барои худ маҳфуз медонем. Қатар гурӯҳи ҳуқуқӣ созмон додааст, то роҳҳои қонунии посух додан ба ин ҳамлаи саркашонаро баррасӣ кунад”.
Сарвазири Қатар бо ишора ба изҳороти сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт: “Ӯ иддао кардааст, ки Ховари Миёна аз нав сохта хоҳад шуд? Он чи Нетаняҳу анҷом медиҳад, терроризми давлатӣ барои бесубот сохтани минтақа аст”.
Сарвазири Қатар афзуд, мо ба марҳилаи ҳассосе расидаем, ки бояд посухи воҳид ба ваҳшигарӣ ва барбарияти Нетаняҳу дода шавад. Қатар кишвари миёнарав аст ва ин ҳамла ҷуз хиёнат нест.
“Музокирот дар рӯзҳои ахир идома дошт ва мо ба дархости Амрико машғули баррасии охирин матни пешнавис будем. Аз ин рӯ, нақзи ҳокимияти кишварҳо бидуни ҳич гуна таваҷҷуҳ, беэътиноиест, ки набояд нодида гирифта шавад”- таъкид намуд сарвазири Қатар.
“Кишварамон дар нақши миёнҷигар аз ҳич талоше дареғ нахоҳад кард ва ҳар он чӣ дар тавон дорад, барои хотима додани ҷанги дар Ғазза анҷом хоҳад дод, зеро ки дипломатияи Қатар бар асоси таъмини суботи минтақа бино ёфтааст”- гуфт сарвазири Қатар.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд