Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
30 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 10 сол аз идораи мошин маҳрум. Ралик боз дастгир шуд
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Муродов Рамазон, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони бозрасии ШВКД-1 дар н.Фирдавсӣ барои дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор ба идораи воситаи нақлиёт машғул шудан, боздошт гардид.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба ӯ бо моддаи 337 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд. Тибқи талаботи моддаи мазкур нисбати номбурда ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати даҳ сол таъин карда мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки номбурда қаблан барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҷаримаи маъмурӣ ва ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум карда шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Муродов Рамазон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Ралик” маъруф аст ва ба хондани рэп машғул мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод