Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Президенти нави Сурия мегӯяд бо Исроил созишномаи амниятӣ имзо мекунад
Президенти ҳукумати давраи гузори Сурия Аҳмад Шаръ гуфт, ки ҳукумати ӯ барои расидан ба як созиши амниятӣ бо ҳукумати Исроил гуфтугӯ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита ҳар қароре, ки ба манфиати Сурия ва минтақа бошад, “бидуни шубҳа қабул хоҳад шуд”.
“Ҳар созиши эҳтимолӣ бар асоси оташбаси соли 1974 хоҳад буд” – зикр кард Аҳмад Шаръ.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи соли 1974 бо миёнҷигарии СММ баъди ҷанги Йам Кабур имзо шуда буд. Ин созиш бо номи “Созишномаи тақсими неруҳо” маъруф аст ва бар асоси он хатҳои оташбас мушаххас гардида, минтақаи бетараф таҳти назорати неруҳои оташбаси сулҳпарвари СММ таъсис ёфт ва ҳузури низомиёни ду ҷониб маҳдуд шуд.
Ин созишнома заминаи субот ва сулҳи нисбиро дар тӯли панҷоҳ сол ба вуҷуд овард. Вале баъди фурӯпошии ҳукумати Башор Асад, бо зери по гузоштани асли созишнома низомиёни исроилӣ вориди Сурия шуданд ва ҳоло неруҳои ин кишвар дар хоки Сурия ҳузур доранд.
Қаблан, сарчашмаҳо аз дохили ҳукумати Сурия хабар дода буданд, ки Сурия ва Исроил бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 3-уми сентябр созишномаи амниятӣ ба имзо мерасонанд.
Дар идомаи музокироти ҷаҳонӣ оид ба рӯйдодҳои Сурия Том Барак, фиристодаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сафари худ ба Исроил бо сарвазири ин кишвар Бенямин Нетаняҳу гуфтугӯ кард.
Аҳмад Шаръ, дар идомаи суханронияш бо ишора ба зарурати ҳифзи ваҳдати миллӣ гуфт, ки ҳич силоҳ берун аз ҳукумати кишвар қобили қабул нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳар қарореро, ки ба манфиати Сурия ва минтақа бошад, “бидуни шубҳа қабул хоҳад шуд”.
Дар чанд ҳафтаи ахир миёни неруҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои қавмӣ, аз ҷумла дарузиҳо, курдҳо ва алавиҳо низоъ оғоз шуд. Ин низоъҳо боиси нигаронии амниятӣ ва ояндаи субот дар Сурия шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд