Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Вазири хориҷии Миср: Барномаи атомии Эрон роҳи ҳалли низомӣ надорад
Вазири корҳои хориҷии Миср Бадр Абдулъатӣ дар суҳбати телефонӣ бо намояндаи хоси Президенти Амрико дар умури Ховари Миёна Стив Уиткофф ба зарурати коҳиши низоъ дар минтақа таъкид карда, гуфт, Барномаи атомии Эрон роҳи ҳалли низомӣ надорад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Миср, дар ин суҳбати телефонӣ ду ҷониб вазъияти фоҷеавии Ғазза ва, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба Барномаи атомии Эронро баррасӣ карданд.
Тамим Хилаф, сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Миср гуфт, ки Бадр Абдулъатӣ дар ин мулоқот розигии Ҳамос ба пешниҳоди Уиткоффро баён карда, аз зарурати посухи мусбати Исроил ба ин пешниҳод ва иҷрои он барои ҳалли буҳрони кунунӣ, наҷоти гаравгонҳои исроилӣ, коҳиши ранҷи мардуми Фаластин ва таъмини расондани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ёдовар шуд.
Вазири корҳои хориҷии Миср ҳамчунин, аз аҳамияти истифодаи имкони ҳозир, яъне пазируфтани пешниҳоди оташбаси 60-рӯза аз сӯи Ҳамос барои анҷом додани музокирот дар хусуси поён додан ба ҷанг ва ёфтани роҳи ҳалли одилона барои масъалаи Фаластин таъкид кард.
Бадр Абдулаътӣ гуфт, ки Қоҳира ба мавқеи худ дар ҳимояи коҳиши низоъ дар Ховари Миёна пофишорӣ мекунад ва мутмаин аст, ки Барномаи атомии Эрон ва дигар буҳронҳои минтақа роҳи ҳалли низомӣ надоранд. Ӯ гуфт, ки Миср тамосҳои худро барои бозгашт ба роҳи ҳалҳои музокиротӣ идома медиҳад, то амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳким ёбад.
Ӯ, ҳамчунин, зарурати идомаи ҳамкориҳои муштарак миёни Миср ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳадафи таъмини сулҳ ва амният дар минтақа ва поён додан ба низои даҳсолаи миёни фаластиниён ва исроилиҳо муҳим арзёбӣ кард.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки Исроил оғози марҳилаи дуюми амалиёти низомии худ дар шаҳри Ғаззаро эълон кард. Аммо таҳлилгарони низомӣ ва бахши қобили таваҷҷуҳи ҷомеаи исроилӣ ҳушдор доданд, ки ишғоли Ғазза низ, мисли таҷрибаи Афғонистон ва Ветнам ба ботлоқ барои Исроил мубаддал хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд