Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Исроил нақшаи ишғоли комили Ғаззаро тасдиқ кард
Ҳукумати Исроил бо роҳбарии Cарвазир Бенямин Нетаняҳу нақшаи комили ишғоли Ғаззаро тасдиқ кард. Дар бораи ҷузъиёти ин нақша чизе гуфта нашудааст, аммо баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки артиши Исроил марҳила ба марҳила кулли Навори Ғаззаро ишғол хоҳад кард.
Тибқи иттилои манбаъ, низомиёни исроилӣ тасмим гирифтаанд, ки амалиёти густурдаи низомӣ дар минтақаи Ғаззаро роҳандозӣ кунанд.
“Консепсияи асосии нақшаи амалиётӣ дар минтақаи Ғазза аз ҷониби сардори Cитоди умумии замин Эяэл тасдиқ шуд” – зикр кард намояндаи артиши Исроил. Ба гуфтаи ӯ, консепсияи асосии марҳилаҳои ояндаи амалиёт дар минтақаи Ғазза мутобиқ бо дастури мақомоти сиёсии кишвар пешниҳод ва тасдиқ гардид.
Бо вуҷуди ин, дар бораи нақшаи амалиёт ва санаи дақиқи оғози амалиёт ҳанӯз ҳич гуна ҷузъиёт нашр нашудааст. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки ҳукумати амниятии Исроил дар ҷаласаи шабона нақшаҳои ишғоли Ғаззаро тасдиқ намуда буд.
Дар доираи амалиёти нав, артиши Исроил ба минтақаҳое кӯч хоҳад кард, ки ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи Ҳамос дар он ҷо гаравгонҳои зиндаро нигоҳ медорад.
Сарвазир Бенямин Нетаняҳу дар изҳороти худ “панҷ принсип” –ро илова кард, ки бар асоси он ҷанги Ғазза бояд хотима ёбад.
Панҷ принсип аз бесилоҳ кардани Ҳамос, озод намудани гаравгонҳо, демилитаризатсияи Ғазза, таъмини назорати афзалияти амниятӣ аз ҷониби Исроил иборат мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд