Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Сурия аз Русия хост низомиёнашро дубора ба ин кишвар фиристад
Мақомоти Сурия аз Федератсияи Русия дархост кардаанд, ки мисли даврони Башор Асад неруҳои низомии ин кишвар дар Ҷануби Сурия фаъолияти худро аз сар гиранд. Тибқи иттилои расонаҳо, мақомоти сурӣ мехоҳанд неруҳои Русия мисли давраи қабл, дар минтақаҳои ҷанубии Сурия фаъолияти худро аз сар гирифта, амниятро таъмин намоянд.
Тибқи иттилоъ, чунин иқдом метавонад фаъолияти низомии Исроилро, ки аз моҳи декабри соли гузашта қисми ҷануби Сурияро таҳти назорати худ гирифтааст, маҳдуд созад. Исроил он замон дар минтақаи тасарруфкардааш “минтақаи буферӣ” эълон намуда, онро барои амнияти марзи шимолии худ ва ҳимояи аҳолии дурӯзӣ муҳим донист.
Расонаҳои арабӣ менависанд, ки Русия барои аввалин бор пас аз сари кор омадани ҳукумати нав гурӯҳе аз низомиёнашро дар қисматҳои шимолу шарқи кишвар, дар наздикии Қамишлӣ мустақар кардааст. Ин иқдом баъди сафари Вазири корҳои хориҷии Сурия Асад аш-Шайбонӣ ба шаҳри Маскав сурат гирифт.
Мақомоти Сурия бар ин боваранд, ки бозгашти низомиёни Русия ба Димишқ метавонад аз дахолати бештари Исроил дар корҳои дохилии Сурия пешгирӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд