Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Дар кадом корхонаҳо зарари молиявии нисбатан калон ошкор шудааст?
Имрӯз, 8-уми август дар нишасти матбуотӣ Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1245 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 528 нафар ошкор гардидааст.
Гуфта шуд, ки тафтиши пешакии 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар ба итмом расида, ба судҳо ирсол гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи самтҳои фаъолият 661, 6 млн сомониро барқарор намудааст. Аз ин шумора 267, 9 млн сомонии он ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 384 млн сомонӣ ба корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва 9,7 млн сомонӣ ба ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон баргардонида шуданд.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар ин давра коргоҳҳое, ки аз онҳо зарари молиявии нисбатан калон ошкор шудааст, инҳо мебошанд: ҶСК "Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе" - 262,8, млн сомонӣ, шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ВКД ҶТ - 270,7 млн сомонӣ, Раёсати адлияи вилояти Суғд ва зерсохторҳои он - 7,2 млн сомонӣ, КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" - 5,9 сомонӣ, филиали маркази барқугармидиҳӣ 2" ҶСК "Барқи Тоҷик" - 5,9 млн сомонӣ ва филиали маркази барқу гармидиҳии 1" ҶСК "Барқи Тоҷик" - 4,8 млн сомонӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод