Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Прокуратураи генералӣ: Дар 4610 санҷиш 2977 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти прокуратура 4610 санҷиш гузаронида, 2977 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи санҷишҳои шашмоҳаи охир 45 ҳазору 127 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 199 ҳазору 379 нафар барқарор гардид.
Аз ҷумла дар нишаст қайд гардид, ки дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда аз ҷониби мақомоти прокуратураи кишвар 190 нафар барои дуздии неруи барқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҳамзамон, 175 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, зиёда аз 273 миллион сомонӣ қарзи неруи барқ аз муштариён рӯёнида шудааст.
Инчунин, гуфта шуд, ки дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 754 парвандаи ҷиноятӣ оғоз, 3444 амру пешниҳод ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 1275 эътироз оварда шуда, 90,5 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 5243 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ҷалб гардиданд.
Дар нишасти хабарӣ зикр гардид, ки барои вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1252 нафар ва таълиму тарбияи кӯдак 3044 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 186 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод