Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Расвоии Тел-Авив: Акси як асири гурусна дар Ғазза чеҳраи воқеии Нетаняҳуро фош кард
Баъди нашри наворҳое, ки як асири исроилиро бо нишонаҳои гуруснагии шадид дар Ғазза нишон медиҳанд, дигар ҳукумати Исроил ва шахсан Бенямин Нетаняҳу баҳонае барои инкори фоҷеаи гуруснагиву қаҳтӣ дар ин навори муҳосирашударо надорад.
Дар ин видео, ки аз сӯи гурӯҳи муқовимати фаластинӣ нашр шуд, асири Исроил бо овози суст ва ҷисми шадидан лоғар ба сарварони ҳукумати Тел-Авив мегӯяд: “Ман аз гуруснагӣ мемирам...хӯрок биёред”.
Ин тасвирҳо ба иддаои қаблии сарвазири Исроил, ки гуфта буд “касе дар Ғазза гурусна нест” зарбаи шадид зад. Тел-Авив муддатҳост талош мекунад, бо кумаки расонаҳои ғарбӣ ва лобби сиёсии худ фоҷеаи башардӯстонаро дар Ғазза инкор кунад. Аммо ҳоло ҳатто худи шаҳрвандони Исроил низ медонанд: Ғазза гурусна аст ва ин гуруснагӣ тасодуфӣ нест, балки сиёсати муназзами таҳрим ва муҳосираи Исроил аст.
Дар канори ин навори нашршуда муқовимат навишт: “Асирони исроилӣ ҳамон чизеро мехӯранд, ки мардуми Ғазза мехӯранд”. Ин ибора аз як сӯ ба сиёсатҳои гурусна нигоҳ доштани мардуми Ғазза ишора мекунад ва аз ҷониби дигар масъулияти бевоситаи Тел-Авивро оид ба ҳимоят накардани асирони худ нишон медиҳад.
Баъд аз нашри тасвир оилаҳои асирони исроилӣ ба хашм омаданд. Яир Лапид, роҳбари мухолифони сиёсӣ дар Исроил суол кард: “Оё аъзои ҳукумат метавонанд баъд аз дидани ин видео бо виҷдони ором бихобанд?”. Муқоисаи вазъи асирони исроилӣ бо қурбониёни урдугоҳҳои нозии Олмон дар фазои сиёсиву иҷтимоии Исроил мавҷи таҳрикбарангезро ба вуҷуд овард.
Режими Исроил дар посух ба танқидҳо борҳо талош кард бо муттаҳам кардани Ҳамос ва дигар неруҳои минтақавӣ масъулияти қаҳтиро аз дӯши худ бардорад. Онҳо иддо карданд, ки кумакҳои башардӯстона дуздида мешаванд ва ё “ба нархи гарон фурӯхта мешаванд”. Аммо Созмони Милаи Муттаҳид ва созмонҳои мустақили байналмилалӣ инро рад намуда, таъкид кардаанд, ки умуман кумаке ба Ғазза роҳ намеёбад, ки гап аз тақсимаш равад.
Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои вобаста ба он қаҳтиро дар Ғазза “сохтаи инсон” ва маҳсули муҳосираи режими ишғолгар медонанд. Мутахассиси бахши озуқавории Созмони Милали Муттаҳид Майкл Фахрӣ гуфт: “Исроил аз хӯрок ба ҳайси силоҳ истифода мебарад”. Ба гуфтаи ӯ, марказҳои тақсими кумак, ки режими ишғолгар онҳоро таблиғ мекунад, дар асл “домҳои марг” мебошанд. Минтақаҳое, ки неруҳои Исроил ба сӯи мардуми кумакдарёфткунанда оташ мекушоянд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон нашри ин навор метавонад ба тағйири муҳимме дар фазои сиёсии дохилии Исроил ва ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ анҷомад. Мумкин аст ин фишор ягона роҳи поён додан ба қаҳтии фоҷеавӣ ва ҷанг дар Ғазза бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд