Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Фоҷеа дар Ғазза. Афзоиши қурбониён бар асари гуруснагӣ ва домҳои маргбор дар марказҳои кумакрасонӣ
Дар ҳоле ки буҳрони башардӯстона дар Навори Ғазза ба марҳилаи фоҷеавӣ расидааст, шумори шаҳидон бар асари гуруснагӣ ва нарасидани ғизо ба беш аз 130 нафар расидааст. Дар бобари ин, режими Исроил ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро идома медиҳад ва дар ҳолатҳои зиёд шаҳрвандонеро, ки дар сафҳои дарёфти кумакҳои башардӯстона қарор доштанд, ҳадафи тир ва бомба қарор додааст.
Сарчашмаҳои саҳроӣ ва расмӣ дар Ғазза, аз ҷулма Ҳилоли Аҳмари Фаластин ва Вазорати тандурустии ин кишвар эълон карданд, ки аз оғози ҷанг то ҳол 133 нафар ба асари гуруснагӣ ва нарасидани ғизо шаҳид шудаанд, ки 87 нафари онҳо кӯдак мебошанд.
Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълон кард, ки фақат дар чанд ҳафтаи ахир 127 нафар, аз ҷумла 85 кӯдак, бар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷониби дигар, Дафтари матбуоти ҳукумати Фаластин дар Ғазза гуфт, ки барои посухгӯӣ ба ниёзҳои аввалияи аҳолӣ ин минтақа рӯзона ба беш аз 600 мошини боркаш барои кумакрасонӣ аз 250 ҳазор қуттии шири кӯдакона дар як моҳ ниёз дорад.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки ҳалли аслии буҳрон дар боз намудани фаврии гузаргоҳҳо ва шикастани комили муҳосира аст. Бо вуҷуди ин, режими Исроил на фақат аз расидани кумакҳои башардӯстона пешгирӣ мекунад, балки дар чанд маврид нуқтаҳои тақсими кумакҳоро мустақиман ҳадаф қарор додааст.
Фақат дар як маврид, дар кӯчаи Салоҳиддин дар маркази Навори Ғазза ҳамлаи артиши режими Исроил ба маҳалле, ки шаҳрвандон барои гирифтани кумак ҷамъ омада буданд, боиси шаҳид шудани 11 нафар ва захмӣ гардидани беш аз 54 кас гардид.
Сарчашмаҳои беморхонаи Ал-Аида дар паноҳгоҳи Ан-Нусрат низ аз ворид гардидани ҷасади 9 шаҳид ва 54 захмии дигар дар ҷараёни ҳамин ҳамла хабар додаанд. Дар минтақаи Ас-Судания дар шимолу ғарби Ғазза низ неруҳои ишғолгар дубора издиҳоми мардумро, ки мунтазири кумак буданд, ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳид ва теъдоди дигар захмӣ шуданд.
Расонаҳои маҳаллӣ аз як қатли ваҳшиёна дар минтақаи Зиким, ки бар асоси изҳороти расмии режими Исроил зери оташбаси муваққатӣ қарор дошт, хабар доданд. Бо ин ҳол, сарбозони исроилӣ ба сӯи шаҳрвандони фаластинӣ, ки барои дарёфти кумак ҷамъ шуда буданд, оташ кушоданд.
Гузоришҳо баёнгари он аст, кормандони як ширкати амрикоӣ, ки дар тақсими кумакҳо ҳамкорӣ доштанд, низ дар ин тирпаррониҳо ширкат кардаанд.
Дар шаҳри Хон Юнус, як камини низомӣ аз ҷониби артиши режими Исроил барои ғайринизомиёне, ки интизори бастаи ғизо буданд, ба шаҳид шудани 5 нафар ва захмӣ шудани чанди дигар анҷомид. Яке аз кӯдакон низ бар асари тирандозии неруҳои ишғолгар дар наздикии маркази тақсими кумак дар ҷанубу ғарби Хон Юнус кушта шудааст.
Ҳамчунин, панҷ шаҳид аз як оила дар ҳамла ба хаймаи оворагон дар минтақаи Асдо дар шимолу ғарби Хон Юнус сабт шудааст. Як шаҳрванди фаластинӣ низ дар ҳамлаи паҳподии неруҳои ишғолгар ба марҳалаи Ат-Туффаҳ дар шарқи Ғазза шаҳид шудааст. Ҳамлаи ҳавоӣ ба бурҷи Ал-Валид ва маҳаллаи Ар-Римол дар ғарби Ғазза имрӯз ба кушта шудани 5 нафар, аз ҷумла чанд зан ва кӯдак анҷомид.
Ҳамлаи тӯпхонаӣ ба маҳаллаи Аш-Шамъа дар минтақаи Аз-Зайтун, ҷанубу шарқи Ғазза низ як шаҳид ва чанд захмӣ ба ҷой гузошт. Дар маҷмуъ, сарчашмаҳои бемористонӣ дар Навори Ғазза аз даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ дар соатҳои охир хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки вазъи башарӣ ба шиддат буҳронӣ гардида, таҳдиди гуруснагӣ, набуди дору, ғизо, оби пок ва сӯзишворӣ миллионҳо фаластинро дар остонаи як фоҷеаи бозгаштнопазир қарор додааст.
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд