Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Вазири тоҷик мегӯяд, раванди тарки соҳа кардани табибон коҳиш ёфтааст
Вазири тоҷик мегӯяд, ки нисбат ба солҳои гузашта раванди муҳоҷиршавии табибони тоҷик коҳиш ёфта, дар соли 2025 ҳамагӣ 51 нафар барои кор ҷойи кори худро тарк намуда, ба муҳоҷират рафтаанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи гузашта ин нуктаро таъкид карда, афзуд, ки дар ин давра дар маҷмуъ 655 нафар табиб ба кор қабул карда шуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки ҷараёни бо мақсади муҳоҷират тарки соҳа намудани табибон сол ба сол коҳиш меёбад. Ӯ афзуд, дар муқоиса ба солҳои қаблӣ, ки дар як сол 500 – 600 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, омори муҳоҷирати табибон коҳиш ёфтааст.
Вазири тоҷик гуфт, ки бо сабаби беҳтар гардидани шароити кор дар беморхонаҳои кишвар ва боло рафтани маоши онҳо раванди тарки соҳа намудани табибон коҳиш ёфтааст.
“Бо беҳ шудани таъминоти беморхонаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо камтар мешавад. Сабаби дуюм, ин баланд шудани маоши вазифавии табибон аст”- таъкид намуд вазири тоҷик.
Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамчунин, таъкид кард, ки имрӯз дар соҳаи тибби кишвар 1600 мутахассис намерасад: “Агар ҳадди ақал 50 фоизи донишҷӯёне, ки макотиби олии тиббии кишварро хатм кардаанд, ба кор раванд, мушкили норасоии кадрҳо ҳалли худ меёбад”, - зикр намуд вазир.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод