Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Паёмади ҳамлаҳои мушакии Эрон ба марказҳои муҳимми Исроил ҳамоно идома дорад
Бо вуҷуди поён ёфтани ҷанг ва гузаштани тақрибан чаҳор ҳафта аз барқарор шудани оташбас зарбаҳои мушакии Эрон ҳамоно домангири режими Исроил боқӣ мондааст.
Баъди барканорӣ ва таъйини фарди дигар ба ҳайси раиси дифои зиддимушакии артиши Исроил бо сабаби нотавонӣ дар мубориза бо ҳамлаҳои мушакии Эрон, ҳоло фармондеҳони ин режим дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои тақвияти қудрати дифоии худ бар зидди Эрон мебошанд.
Доир ба ин масъала сомонаи “Маарив” дар гузориши худ афзуд, ки “ҷанг чанд ҳафта қабл ба поён расид, аммо сохторҳои дифоии Исроил арзёбии ҷанги ояндаро оғоз карданд. Суол ин аст, таҳдидҳои оянда барои Исроил чӣ хоҳад буд ва системаҳои дифоие, ки зарур мебошанд, бояд чӣ тавр фаъол бошанд?”.
"Саноати ҳавонавардӣ ва фазоии Исроил ҳоло дар ҳоли таҳияи мушакҳои “Ҳертс-4” ва “Ҳертс-5" мебошад, ки ҳар ду барои мубориза бо таҳдидҳои Эрон барномарезӣ шудаанд” – навишт рӯзномаи “Маарив”.
Буъоз Леви, мудири кулли саноати ҳавонавардии режими Исроил дар посух ба танқидҳои густурда дар хусуси арзиши гарон ва масраф барои сарнагун кардани мушакҳо ва дронҳои Эрон гуфт: “Набояд фақат арзиши сарнагун кардани як мушакро ба ҳисоб гирифт, балки бояд ба хисороти эҳтимолие, ки як мушак метавонад дар сурати бархӯрд кардан эҷод кунад, таваҷҷуҳ намуд. Мо дар ҷанг бо Эрон дарк кардем, ки қабл аз расидани мушакҳо онҳоро безарар кардан чӣ қадр муҳим аст”. Ӯ таъкид кард, “мо дидем, мушакҳое, ки ба ҳадафи худ расидаанд, то чӣ андоза хисорот ворид кардаанд”.
Тибқи навиштаи расона ва таҳлилгарони Исроил дар ҷараёни Ҷанги 12-рӯзаи Эрон ва Исроил ба ҷуз аз хисоротҳои бузурги иқтисодӣ, ки бар асари расидани мушакҳои Эрон ба ҳадафҳо ворид шуд, як масъалаи дигар низ фишори шадиди иқтисодиро ба ин режим илова кард: арзиши гарон ва бештари системаи дифоӣ ва сарнагунсозӣ. Агар ин раванд идома ёбад, артиши ин режим метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ ва осебҳои бузург рӯ ба рӯ гардад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд