31 Октябр 2026,
шанбе, 09:40, Душанбе
18.07.2025 10:03

Тандурустӣ: Омӯзишу таҷрибагирии 192 мутахассиси соҳа дар хориҷи кишвар

Дар ҷаласа ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 таҳлилу баррасӣ гардид.

Тавре ки маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад, дар шаш моҳи аввали соли равон аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 30 адад муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 115 адад муассисаи тандурустӣ таъмир гардиданд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ 192 нафар мутахассис дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар барои гузаштани курсҳои омӯзишӣ ва ба зинаи аспирантура, докторантура, коромӯзӣ, гузаштани марҳилаи ординатураи клиникӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» (22 нафар) фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта (187 нафар) 5 нафар зиёд мебошад. 

Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳисобот доданд. Пас аз шунидани ҳисоботи масъулин як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таъминоти кадрӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии мутахассисон, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фавти модару кӯдак, одоби муошират бо беморон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардид.

Хатти хабарҳо

31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.