Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Рақамисозии соҳаи тандурустӣ дар 8 ноҳияи Суғд ва Душанбе оғоз гардид
Дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе барномаи рақамисозии соҳаи тандурустӣ оғоз гардид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар дод, ки рақамисозии соҳаи тандурустӣ ҳоло 8 ноҳияи вилояти Суғд ва муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ – санитарии шаҳри Душанберо дар бар хоҳад гирифт.
Ҳафтаи гузашта дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси дуюми гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба иҷрои лоиҳа дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа Ғафур Муҳсизода, муовини аввали вазир, Абдухолиқ Амирзода, муовини вазир, Баҳодур Холназар, ҳамоҳангсози лоиҳа, намояндагони сохторҳои Вазорат, роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва мутахассисони ёрии аввалияи тиббӣ аз шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” бо мақсади рушди сармояи инсонӣ бар асоси “Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” амалӣ гардида, нақшаи афзалиятноки сармоягузориро дар соҳаи ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, маблағгузории низоми тандурустӣ, таҳкими захираҳои инсонӣ ва рақамисозиро фаро мегирад. Ин барнома ба ҳамоҳангсозии маблағгузории ҳукумат бо шарикони байналмилалӣ мусоидат намуда, иҷрои солонаи стратегияро назорат мекунад.
Баҳодур Холназар, ҳамоҳангсози лоиҳа дар бораи ҳадафҳо ва сохтори идоракунӣ иттилоъ дод. Олимҷон Маннонов, сардори шуъбаи ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ аз беҳтар шудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба воситаи таҳкими муассисаҳои ПМСП гузориш дод. Зайнулло Шарипов, сардори шуъбаи ислоҳот ва банақшагирии буҷетӣ, ба ислоҳот оиди баланд бардоштани самаранокии шабакаи КАТС бо таъкид ба хариди стратегии хизматрасониҳо пардохт.
Манучеҳр Шамсулозода, директори Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилоот ҷараёни рақамисозии муассисаҳои тиббиро дар 8 ноҳияи вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе муаррифӣ кард. Ҳамзамон, Сайидҳайдар Давлатзода, сардори идораи бехатарии санитариву эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилӣ доир ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар низоми тандурустӣ сухан гуфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод