9 Июл 2025,
чоршанбе, 21:45, Душанбе
18.06.2025 16:57

“Ҳама ҷо баста аст”. Иқтисоди Исроил дар ҳоли фурӯпошии комил аст

Дар пайи ҳамлаҳои шадиди мушакии панҷ рӯзи ахири Эрон иқтисоди Исроил ба буҳрони бесобиқа дучор шуда, гирифтори фурӯпошии сохторӣ шудааст. Дар ин ҳамлаҳо сохторҳои асосии иқтисоди Исроил, аз ҷумла корхонаҳои тавлиди нафт, бандарҳо ва майдонҳои ҳавоӣ мавриди ҳадаф қарор гирифта, комилан аз фаъолият боз мондаанд.

Таҳлилгарони байналмилалӣ ҳушдор додаанд, ки бо идомаи ҷанг иқтисоди Исроил ба буҳрони дарозмуддат гирифтор хоҳад шуд.

Хабаргузории “Тасним”-и Эрон дар як гузориши муфассал навишт, ки ҳамлаҳои Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ фақат ба майдони ҷанг маҳдуд намешавад, балки амиқтарин сохтори иқтисодии Исроилро фаро мегирад.

“Бо таваҷҷуҳ ба масоҳати хурд ва зичии баланди аҳолии Исроил, инчунин, набудани умқи стратегии географӣ, бештари шаҳрҳои ин кишвар дар масири мустақими мушакҳои эронӣ қарор доранд. Ин боис шудааст, ки садҳо ҳазор сокини минтақаҳои ҳассос ба паноҳгоҳҳо раванд ва тамоми фаъолиятҳои иқтисодӣ, аз мағоза то фурудгоҳу супермаркет ва тиҷоратҳои бузург таътил шавад”- менависад хабаргузории “Тасним”.

Рӯзномаи “Ядиъут Ахаронот” чопи Исроил менависад, ки иқтисоди Исроил ба таври комил фалаҷ шудааст ва то ба имрӯз 12 ҳазор нафар дархости ҷуброн барои хисоратҳои воридшуда ва ҳамлаҳои мушакӣ кардаанд. Сарчашмаҳои расмӣ хабар медиҳанд, ки корхонаи нафти Ҳайфо, бузургтарин корхонаи нафтии Исроил бо иқтидори 200 ҳазор бушка дар як рӯз мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта, аз гардиши истеҳсилот хориҷ шудааст.

Тибқи оморҳои муассисаи “S&P Global” Исроил дар рӯз 250 ҳазор бушка нафт ворид мекунад ва тақрибан 40 фоизи энергияи худро аз ду корхона, корхонаи нафтии Ҳайфо ва Ашдод таъмин мекунад. Бо нобуд шудани се терминали нафтӣ дар бандарҳои Ҳайфо, Асқалон ва Элат ва ҳамзамон аз кор мондани ду корхонаи нафт сутуни энергетикии Исроил амалан шикастааст.

Бо нобуд шудани инфрасохтори энергетикӣ ва осеб дидани бандарҳои Ҳайфо, Асқалон ва Элат бахши аслии таъмини энергетикаи Исроил қатъ шудааст. Таҳлили сарчашмаҳои коршиносӣ нишон медиҳад, ки фақат бо панҷ зарба се терминали нафтӣ ва ду корхонаи коркарди нафт тақрибан хок шуда, 40 фоизи манобеи энергетикии Исроил аз байн рафтааст.

Манобеи амниятии Исроил гуфтаанд, мушакҳои эронӣ дар осмони ин кишвар ба таври доимӣ дида мешаванд. Фаъолият дар бандарҳо ба сифр расида, фурудгоҳҳо баста шудаанд ва тамоми шабакаи содирот ва воридот дар ҳолати “баста” қарор доранд. Ҳатто воридоти маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба буҳрон рӯ ба рӯ шудааст.

Сарчашмаҳои эронӣ ва ҷаҳонӣ таъкид мекунанд, ки маҳдудиятҳои географии Исроил ин кишварро дар баробари ҳамлаҳои мушакӣ комилан осебпазир кардааст. Эрон бо ҳадаф қарор додани инфрасохтори ҳаётан муҳим, на танҳо паёми низомии худро ба Исроил фиристодааст, балки сутунҳои асосии иқтисоди Исроилро ба ларза овардааст.

Бандарҳои Ҳайфо ва Ашдод, ки минтақаҳои муҳимми тиҷорати баҳрӣ ва воридоти коло маҳсуб мешаванд, амалан аз гардиши иқтисодӣ хориҷ шудаанд. Фақат бандари Ҳайфо дар сол беш аз 30 миллион тонна бор ва 2 миллион мусофирро интиқол медод.

Дар рӯзи гузашта Эрон бо ҳамлаҳои мушакӣ ба корхонаҳои муҳим дар Исроил ҳамла кард. Аз ҷумла, мавриди ҳадаф қарор гирифтани корхонаи тавлиди мушакҳои сипари дифоии Исроил буҳрони саноатиро низ дар ин кишвар рақам задааст.

Бо қатъ шудани фаъолияти саноатӣ ва логистикӣ соҳаи гардишгарии Исроил низ аз кор мондааст. Гузоришҳо нишон медиҳад, ки сатҳи лағви парвозҳои дуҷониба ба Исроил ба баландтарин сатҳ дар ду соли ахир расидааст. Ҳузури гардишгарони хориҷӣ қариб, ки ба сифр баробар шудааст.

Дар пайи шиддат гирифтани ҷанг миёни Эрон ва Исроил бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Чин, Русия, кишварҳои Аврупо аз шаҳрвандонашон хостаанд, ки зуд Исроилро тарк кунанд. Сафорати бархе кишварҳо, аз ҷумла Амрико таътил шудаанд. Русия гуфтааст, ки дар пайи таътил кардани сафораташ аст.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мегӯяд, ки Исроил шадидтарин рукуди иқтисодии чанд даҳаи ахирро аз сар мегузаронад. Ба далели даъвати даҳҳо ҳазор неруи захиравии низомӣ ва баста шудани густурдаи тиҷоратҳо сатҳи бекорӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст. Ҳазорҳо нафар аз сарчашмаҳои даромади худ маҳрум шудаанд. Агар ҷанг идома ёбад, буҳрони таъмини ғизо, сӯзишворӣ ва дору кулли Исроилро фаро хоҳад гирифт.

Иқтисоди Исроил ба таври густурда ба захираҳои энергетикии воридотӣ ва майдонҳои гази соҳили баҳри Миёназамин такя мекунад. Майдонҳои Левиатан, Тамар ва Кариш дар наздикии Лубнон ва Кипр сарчашмаҳои аслии гази Исроиланд. Наздик будани ин сохторҳо ба маркази низоъ онҳоро ба ҳадафҳои осони ҳамла дар оянда табдил медиҳад.

Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати осеб дидани захираҳо, на фақат амнияти энергетикӣ, балки содироти газ ба Аврупо ва кишварҳои арабӣ низ фалаҷ хоҳад шуд. Ин метавонад боиси коҳиши сармоягузорӣ ва даромади арзӣ шавад.

Бо вуҷуди пешрафтҳои технологӣ иқтисоди Исроил дорои камбудиҳои амиқи сохторӣ аст. Вобастагии шадид ба технология, содироти донишбунёд, хароҷоти баланди низомӣ, нобаробарии иқтисодӣ ва камбуди зерсохторҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ, ки дар гузориши созмонҳои байналмилалӣ зикр шудааст, яке аз мушкилоти буҳрони иқтисоди Исроил аст.

Режими Исроил барои нигоҳ доштани суботи сатҳи зиндагии мардум ба воридоти густурдаи мол ва энергия ниёз дорад. Пойин рафтани рейтинги қарзии Исроил аз сӯи муассиҳои байналмилалӣ баёнгари эҳтимоли шикасти буҷетӣ дар сурати идомаи ҷанг аст.

Ҳамзамон бо нобудии зерсохторҳои энергетикӣ ҳамлаҳои ахири Эрон як заъфи дигари стратегии Исроилро ошкор намуд. Вобастагии шадид ба оби тоза ва шабакаҳои мураккаби интиқоли об. Ҳамлаи Исроил ба зерсохтҳои обу корези Эрон ин эҳтимолро ба вуҷуд овардааст, ки дар оянда марказҳои обширинкунии Исроил мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт. Ин метавонад на танҳо таъминоти мардумро бо оби тоза ба мушкил мувоҷеҳ кунад, балки боиси аз кор мондани бисёре аз муассисаҳои иқтисодии Исроил шавад.

Тақрибан 55 фоизи оби ошомиданӣ ба манзилҳои Исроил аз тариқи корхонаҳои бузурги обширинкун дар соҳили Баҳри Миёназамин таъмин мешавад. Корхонаҳои “Сурек”, “Асқалон” ва Ҳадера” муҳимтарин сарчашмаҳои обӣ ба шумор мераванд. Шабакаи асоси обтаъминкунӣ аз тариқи Хатти миллии интиқоли об ва лӯлаҳои соҳилӣ мегузарад. Ҳадаф қарор гирифтани чанд нуқтаи калидӣ, ба мисли истгоҳҳои обкашӣ метавонад низоми обтаъминкуниро ба фурӯпошӣ наздик кунад.

Вобастагии ин инфрасохторҳо ба барқ осебпазирии онҳоро дар баробари ҳамлаҳои мушакию киберӣ афзоиш медиҳад. Осеб ба як корхонаи обшӯӣ, мисли Сурек метавонад ба як буҳрони башарӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар қаламравҳои ишғолшуда табдил ёбад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

09.07.2025 13:39

Масъуд Пизишкиён: “Нетаняҳу кӯдакону занонро мекушад”

Такер Карлсон: - Ба назар мерасад, ки ҳоло танаффусе дар даргирии миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Ба назари Шумо, ин вазъият дар ниҳоят чӣ гуна ба поён хоҳад расид? Ва Шумо мехоҳед, ки ин даргирӣ чӣ гуна хатм шавад?
09.07.2025 12:50

Хавфи Исроил аз мушакҳои Эрон. Эрон бузургтарин захираи мушакии ҷаҳонро месозад

Рӯзномаи амрикоии "Ҳилл" ("The Hill") дар таҳлиле ба тавони мушакии Эрон пардохта, навиштааст, ки Эрон аз марҳилаи сохтану озмоиши мушак ба марҳилаи истеҳсолоти саноатӣ расидааст.
09.07.2025 12:42

Садир Жапаров чанд бор ба Тоҷикистон омад ва ҳадафи сафарҳои расмии ӯ чӣ буд?

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров як қатор сафарҳои муҳимми расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст, ки ҳадафи асосии он таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ будааст.
09.07.2025 12:02

Ҷозибаҳои табиат ва таърихи Хатлон дар соли 2025 беш аз ним миллион гардишгарро ҷалб кардааст

Вилояти Хатлон қалби таърих ва табиати Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 мизбони 554,498 сайёҳ, аз ҷумла 45,970 меҳмони хориҷӣ ва 508, 528 сайёҳи дохилӣ буд. Ин омор, ки аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нашр шуд, аз афзоиши бесобиқаи таваҷҷуҳ ба ин минтақаи дорои мероси бойи таърихӣ ва табиати нотакрор шаҳодат медиҳад.
09.07.2025 11:29

Вазири собиқи Афғонистон: “Ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия “бозии амниятмеҳвар” аст”

Русия ба таври расмӣ ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият шинохт ва ба сафири ин гурӯҳ Гул Ҳасан иҷоза дод, ки дар сафорати Афғонистон дар Маскав фаъолият кунад. Ин хабар, ки аз сӯи хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шуд, вокунишҳои густурдаеро дар Афғонистон ба миён овард.
09.07.2025 11:15

Чиниҳо бо лазер ба ҳавопаймои олмонӣ ҳамла карданд

Киштии ҷангии Чин дар обҳои байналмилалии Баҳри Сурх бо лазер ба ҳавопаймои ҷосусии Олмон ҳамла кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Чин дар Берлинро даъват карда, ин иқдоми Чинро маҳкум кардааст. Чин бошад, ин иттиҳомро рад менамояд.
09.07.2025 10:54

Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи бузурги сайёҳӣ бо иштироки 200 ширкати сайёҳӣ баргузор мегардад

Намоишгоҳи сайёҳии Душанбе “DITE-2025” аз 18 то 20-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо дастгирии ширкати сайёҳии “Сомон Трэвел” баргузор мегардад.
09.07.2025 07:40

Ранги сабзу сурх. Кай натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон маълум мегардад?

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 25-уми июли соли равон натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад.
08.07.2025 13:56

Тоҷикистон мехоҳад бо баргузории нахустин форуми нассоҷӣ сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи сешанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ ифтитоҳ гардид: иқдоме, ки мақомот онро як қадами муҳимми стратегӣ дар роҳи саноатишавии кишвар арзёбӣ мекунанд.
08.07.2025 13:46

Дар як амалиёти Ҳамос 20 низомии исроилӣ дар Ғазза куштаву захмӣ шудааст

Дар натиҷаи як амалиёти муштараки ҷангиёни фаластинӣ дар Навори Ғазза тақрибан 20 низомии исроилӣ захмӣ шудаанд, ки ҳолати 4 нафари онҳо бисёр вазмин арзёбӣ мегардад. Эҳтмоли афзоиши теъдоди қурбониён хеле зиёд аст.
08.07.2025 11:55

Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо содир кардани як қарор расман эълон кард, ки аз 1-уми августи соли 2025 ба воридоти тамоми молҳои истеҳсолии Қазоқистон боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 25% ҷорӣ мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи ӯ, посух ба “сиёсати нобаробарии тиҷоратӣ ва мавҷудияти монеаҳои гумрукӣ ва ғайригумрукӣ аз ҷониби Қазоқистон” аст.