12 Октябр 2026,
душанбе, 16:23, Душанбе
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.

Ӯ яке аз пажӯҳишгарони ҷавони мисрӣ аст, ки адабиёти муосири тоҷикро таҳқиқ мекунад. Ӯ дар чанд соли ахир ҳосили пажӯҳишҳояшро дар қолаби як рисолаи докторӣ гирдоварда, дар донишгоҳи зикршуда дифоъ намудааст. Соро Муҳаммад Солим дар бораи осор, бахусус вижагӣ, сабку мавзуъ ва ҷойгоҳи Баҳманёр дар насри муосири тоҷик бо мо суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки ҳоло манзури шумо мегардад.

- Шумо аз ҷумлаи аввалин пажӯҳишгарони арабед, ки насри Баҳманёрро баррасӣ ва таҳқиқ намудед. Моил ҳастем, бидонем, ки алоқа ва таваҷҷуҳи Шумо ба осори ин нависанда аз куҷо оғоз мешавад?

Соро Муҳаммад Солим: - Аз ҳамон ибтидо, алоқаи хосе ба адабиёти тоҷик доштам. Дӯст доштам ин адабиётро аз наздик бишиносам ва амиқтар баррасӣ кунам. Ба ҳамин далел, осори зиёде аз нависандагони тоҷикро хондам, то ин ки бо осори нависандаи барҷастаи тоҷик, зиндаёд Баҳманёр ошно шудам.

Нахустин асаре, ки аз эшон хондам, романи “Сармаддеҳ” буд. Ин роман таваҷҷуҳи маро бисёр ба худ ҷалб кард. Дар вақти хондани он эҳсос кардам, бо асаре арзишманд ва фарқкунанда рӯбарӯ ҳастам, ки аз назари ҳунариву фикрӣ аҳамияти зиёде дорад ва аз шеваи хосе бархӯрдор аст. Аз ҳамон ҷо алоқаманд шудам, ки бо худи нависанда ва таҷрибаи адабии ӯ бештар ошно шавам ва ба вижа романи “Сармаддеҳ”-ро ба сурати илмӣ ва таҳлилӣ баррасӣ кунам.

Дар ҷараёни ин пажӯҳиш тавонистам бо худи Баҳманёр тамос гирам ва дар бораи романи “Сармаддеҳ” аз эшон чанд суол бипурсам. Эшон бо камоли алоқа ба пурсишҳоям посух доданд. Яке аз нуктаҳое, ки барои ман ҷолиб ва сарнавиштсоз буд, ошноии эшон бо забони арабӣ буд, зеро тавонистам нависандаро на фақат аз тариқи осораш, балки аз тариқи дидгоҳҳо ва тавзеҳоти худаш дар бораи асар низ беҳтар бишиносам.

Вақте идеяи баррасии романи “Сармаддеҳ”-ро бо устоди роҳнамоям хонум доктор Ифоф Зайдон, устоди забон ва адабиёти форсӣ ва раиси пешини Донишкадаи мутолиот ва улуми инсонӣ, дар миён гузоштам, эшон аз ин пешниҳод истиқбол карданд ва маро барои идомаи пажӯҳиш ташвиқ намуданд. Ин ҳимоят аз ташвиқ ангезаи муҳимме барои ман буд, то ин масири илмиро бо ҷиддияти бештаре идома диҳам.

- Баҳманёр дар Тоҷикистон дар миёни муҳаққиқони осораш ба ҳайси нависандаи соҳибсабк ва навпардоз шинохта мешавад.  Шумо аз маҷмуи осори Баҳманёр романи “Сармаддеҳ”-ро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додед. Оё воқеан романи “Сармаддеҳ” бо сабку мавзуъ ва вижагӣ, яке аз романҳои хос дар насри муосири тоҷик аст?

Соро Муҳаммад Солим: - Дар ҷараёни баррасӣ ва таҳлили романи “Сармаддеҳ” ба ин натиҷа расидам, ки Баҳманёр, нависандаи барҷаста ва соҳибсабк буд, ки аз дониши густурда, фарҳанги ғанӣ ва огоҳии амиқ нисбат ба ҷомеа ва инсон бархӯрдор буд. Вусъати мутолиот ва шинохти ӯ, аз ҷанбаъҳои гуногуни зиндагии иҷтимоӣ дар осораш бозтоб ёфтааст. Ӯ тавонистааст ҷомеаи Тоҷикистонро бо ҳама танаввуъи иҷтимоӣ, гурӯҳҳои мухталифи мардум ва ҷузъиёти зиндагии онон ба шакле зинда ва боварпазир ба тасвир бикашад.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ӯ, шеваи хоси ривоятпардозӣ ва тавоноияш дар пайванд додани достонҳо ва ҳикоятҳои гуногун аст. Ӯ ин достонҳоро бо маҳорату зарофат дар канори якдигар қарор дода ва миёни онҳо иртиботи ҳунармандона барқарор кардааст. Ба гунае, ки ҳар достон, дар айни бархӯрдорӣ аз вижагиҳои мустақили худ бахше аз сохтори куллии романро ташкил медиҳад ва ба ғанои он меафзояд.

Ҳамчунин, Баҳманёр аз тариқи ҳикояҳо тасвири густурда аз ҷомеа ва зиндагии инсон ироа медиҳад. Ӯ бо диққати вижа ба зиндагии рӯзмарра, рафторҳо, равобити иҷтимоӣ ва дағдағаҳои мардум таваҷҷуҳ намуда, ин аносирро бо халлоқият дар асари худ бозтоб додааст. Он чи сабки нависандагии ӯро мутафовут месозад, фақат танаввуъи мавзуъҳо нест, балки шеваи пардохтан ба онҳо ва ҳунари нависанда дар сомондиҳии ривоятҳову эҷоди пайванди онҳост.

- Романи “Сармаддеҳ” аз силсилаи ривоятҳо иборат аст ва аксари ин ҳикояҳо бо ҳам пайванди маъноиву образӣ доранд. Амал ва рафтори қаҳрамонҳои ҳикояҳо пай дар пай дар силсилаи ҳикояҳо тасвир карда мешавад. Ба назари Шумо, ин як вижагии ривоятии сохтори роман аст? Мехоҳам дар робита ба ин вижагӣ дидгоҳи худро баён созед.

Соро Муҳаммад Солим: - Яке аз вижагиҳои қобили таваҷҷуҳи ин роман сохтори ривоятии он аст, ки бар пояи маҷмуае аз достонҳо ва ҳикоятҳо шакл гирифтааст. Нависанда тавонистааст ин ривоятҳои мухталифро ба шакли ҳунармандона ба якдигар пайванд диҳад ва аз маҷмуи онҳо асаре мунсаҷам ва чандпоя падид оварад. Ин шеваи ривоят барои хонандаи арабзабон низ метавонад таҷрибае мутафовит ва ҷолиби таваҷҷуҳ бошад.

Нависанда дар бахши дуюми романи “Сармаддеҳ” бо истифода аз шеваи бозгашт ба гузашта ё ҳамон флешбэк, бисёре аз нуктаҳо ва рӯйдодҳоеро, ки дар бахши аввал матраҳ шудаанд, равшан мекунад ва паҳлуҳои пинҳони онҳоро ошкор месозад. Ин шеваи ривоят ба хонанда ёрӣ медиҳад, ки робитаи миёни рӯйдодҳо ва қаҳрамонҳоро беҳтар дарк кунад. Ҳамчунин, он маҳорати нависандаро дар танзим ва ба ҳам пайвастани бахшҳои гуногуни роман нишон медиҳад.

Баъди анҷоми дифои рисолаи докторӣ, барои фароҳам кардани заминаи ошноии бештари хонандагони арабзабон бо ин асар, романи “Сармаддеҳ”-ро ба забони арабӣ тарҷума кардам. Ин тарҷума дар марҳилаи омодасозӣ барои интишор аст ва қарор аст тайи ду моҳи оянда чоп шавад.

Умедворам интишори тарҷумаи арабии ин роман гоми муассир дар муаррифии осори Баҳманёр ва адабиёти тоҷик ба хонандагони арабзабон бошад ва заминаро барои пажӯҳишҳо ва мутолиоти бештар дар бораи ин нависанда фароҳам кунад.

Адабиёти тоҷик зарфиятҳои адабӣ ва ҳунарии арзишманде дорад ва шоиста аст, ки фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёи худ шинохта шавад ва ҷойгоҳи шоистае дар миёни алоқамандон ва адабиёти форсӣ дар саросари ҷаҳон пайдо кунад.

- Ба назари Шумо сабки нависандагии Баҳманёр чӣ гуна аст? Оё фикр мекунед, сабки нависандагии Баҳманёр барои хонандаи мисрӣ низ ҷаззоб ва мавриди писанд воқеъ шавад?

Соро Муҳаммад Солим: - Аз хондани романи “Сармаддеҳ” фаҳмидам, ки шеваи нависандагии ҷаноби Баҳманёр бо бисёре аз осоре, ки пеш аз он хонда будам, чӣ дар Эрону Афғонистон ва чӣ ҳатто дар Тоҷикистон тафовут ва вижагиҳои хос дорад. Дар ибтидо бароям бисёр душвор буд, ки романро ба хубӣ дарк кунам ва ҳатто тарҷума кунам, зеро сабки нависанда барои ман тозагӣ дошт ва бо шеваҳое, ки қаблан бо онҳо ошно будам, мутафовут буд.

Аз тарафи дигар, Баҳманёр аз минтақаи Суғд аст ва ин минтақа аз назари таърихиву фарҳангӣ ва забони пешинаи хосе дорад. Ба ҳамин далел, баъзе аз вижагиҳои забониву шеваи баёни ӯ барои ман дар аввалин мутолиа, ноошно ва то ҳадде душвор буд. Аммо баъд аз чанд бор хондани роман ва мутолиаи матолиб ва пажӯҳишҳое, ки дар бораи он навишта шуда буд, тавонистам бо забон, фазои достону шеваи ривояти нависанда бештар ошно шавам ва вижагиҳои сабки ӯро дарк кунам.

Фикр мекунам, ки сабки нависандагии Баҳманёр барои хонандагони мисрӣ ҷаззоб ва мавриди писанд хоҳад буд, ман ба унвони хонандаи мисрӣ вақте ки романи “Сармаддеҳ”-ро хондам, эҳсос кардам, ки нависанда дар мавриди яке аз деҳоти Миср ҳарф мезанад, албатта байни ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷомеаи Миср тафовутҳои зиёде вуҷуд дорад, аммо шабоҳатҳои зиёде ҳам ҳаст.

- Яке аз романҳои дигари Баҳманёр романи “Шоҳаншоҳ” аст, ки бо сабки хос эҷод шудааст. Оё ин романро низ мавриди пажӯҳиш қарор додед, арзёбии Шумо аз ин роман чист?

Соро Муҳаммад Солим: - Романи “Шоҳаншоҳ”-ро хондам ва қисмати зиёде аз ин романро ба забони арабӣ тарҷума кардам. Аммо он дар пажӯҳиши ман қарор нагирифт. Фақат ба романи “Шоҳаншоҳ” ба унвони яке аз шоҳкорҳои Баҳманёр ишора кардам ва ҳам дар мавриди мавзуи роман ва аз ин ки ба ду бахш, бахши муосиру бахши таърихӣ тақсим мешавад ва ҳамчунин, ишора кардам, ки як нависандаи англис романе ба шеваи нависандагии романи “Шоҳаншоҳ” навиштааст. Албатта, дӯст доштам, ки романи “Шоҳаншоҳ” мавриди баррасии ман қарор бигирад, аммо чун романи “Сармаддеҳ”, романи бузург ва аз ду бахш иборат аст ва ҳам ниёз ба баррасиҳои зиёд дорад, онро интихоб намудам. Пажӯҳиши ман фақат дар мавриди романи “Сармаддеҳ” буд. Ва ба навиштаҳои дигари нависанда фақат ишора кардам.

Ба назари ман, романи “Шоҳаншоҳ” яке аз осори қобили таваҷҷуҳи Баҳманёр аст, ки аз назари мавзуъ ва шеваи ривоят арзиши баррасӣ ва пажӯҳиш дорад. Яке аз вижагиҳои ин роман тақсим шудани он ба ду бахши таърихӣ ва муосир аст, ки ба хонанда имкон медиҳад мавзуи романро аз ду манзари мутафовут дунбол кунад. Ҳамчунин, шеваи нависандагии Баҳманёр дар ин асар таваҷҷуҳангез аст ва метавонад заминаи муносибе барои баррасии вижагиҳои забониву ҳунарии насри ӯ фароҳам кунад.

- Шумо дар мавриди насри муосири тоҷик чӣ дидгоҳ доред ва ҷойгоҳи Баҳманёрро дар миёни нависандагони муосири тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Соро Муҳаммад Солим: - Ба назари ман насри муосири тоҷик аҳамияти зиёд дорад ва нависандагони бисёре дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки аз андешаҳои ҳунармандона ва сабки арзишманд, монанди Муҳаммадзамони Солеҳ ва дигарон, осорашон арзиши баррасӣ ва пажӯҳиш доранд. Ман бовар дорам, ки Баҳманёр аз нависандагони барҷаста ва қобили таваҷҷуҳи адабиёти муосири Тоҷикистон аст. Ӯ бо сабки хоси нависандагии худ ва пардохтан ба масоили  иҷтимоӣ ва инсонӣ тавониста аст ҷойгоҳи  вижае дар насри муосири тоҷик пайдо кунад.

Дар ҷараёни пажӯҳиши худ ба ин натиҷа расидам, ки насри Баҳманёр аз вижагиҳои хосе бархӯрдор аст, ки онро аз насри бисёре аз нависандагони тоҷик фарқ мекунонад. Ҳамчунин, сохтори ҷумлаҳо дар насри Баҳманёр бо насри бисёре аз нависандагони тоҷик тафовут дорад ва ҳамин вижагӣ сабки навиштории ӯро фарқ мекунонад. Ба ҳамин далел, чандин бор романро хондам ва дар бораи он мутолиа кардам, то битавонам забон, фазои достон ва шеваи ривояти ӯро беҳтар дарк кунам.

Аз вижагиҳои муҳимми насри Баҳманёр дониши адабӣ, таърихӣ ва динии густурдаи ӯ ва ошноии амиқаш бо осори нависандагон ва донишмандони гузашта ва адабиёти муосир аст. Ҳамчунин, насри ӯ аз назари мавзуъ ва шеваи ривоят ғанӣ ва мутанаввеъ аст ва навовариҳои қобили таваҷҷуҳе дорад.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи романи “Сармаддеҳ” таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои мухталифи зиндагии иҷтимоӣ ва инсонӣ дар Тоҷикистон аст. Баҳманёр тавонистааст шахсиятҳое аз гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, аз руҳониён ва сиёсатмадорон гирифта, то мардуми одиро ба тасвир бикашад ва абъоди мухталифи шахсиятҳои ононро, ба вижа аз назари равоншинохтӣ нишон диҳад. Ӯ ҳамчунин, ба масоили занон дар марҳилаҳои мухталифи зиндагӣ таваҷҷуҳ карда ва миёни воқеият ва хаёл пайванд барқарор сохтааст.

Нуктаи муҳимми дигар, шеваи хоси ӯ дар пардохтан ба макон аст. Ӯ ба рустои “Сармаддеҳ” чунон вусъат ва аҳамияте бахшидааст, ки ин русто ба тасвири кӯчак аз Тоҷикистон ва мардуми он табдил мешавад. Ба эътиқоди ман ин вижагиҳо нишон медиҳад, ки насри Баҳманёр фақат аз назари забону баён аҳамият надорад, балки аз назари муҳтаво, шахсиятпардозӣ, навоварӣ дар ривоят ва бознамоии ҷомеаи Тоҷикистон низ арзишманд аст ва шоистаи баррасӣ ва пажӯҳиши бештар мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.
12.10.2026 13:49

Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд

Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
12.10.2026 13:36

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
12.10.2026 12:00

Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои тақсими об гуфтугӯ намуда, ба ин натиҷа расиданд, ки барои фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 ҳар кишвар саҳми худ аз дарёҳои Омӯдарё ва Сирдарёро бигирад. Бар асоси иттилоъ, баъди созиши бадастомада ҳанӯз рақами мушаххас нашр нашудааст, ки кадом кишвар чӣ қадар об хоҳад гирифт.
12.10.2026 09:43

Путин дар суҳбати телефонӣ бо Трамп гуфтааст роҳи созиш бо Эрон ҳанӯз баста нашудааст

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар суҳбати телефонӣ бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зарурати ҳалли ихтилофҳо бо роҳи дипломатӣ таъкид намудааст. Дар ин бора, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Русия хабар додааст.
12.10.2026 09:22

Рубио бо нақли таърих ба зидди Эрон ҳарф зад: Ҳахоманишиён ба Юнон ҳамла карданд ва маъбаду иботатгоҳҳоро оташ заданд

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сафари ахири худ ба Юнон ба таърих рӯ оварда, гуфт, ки соли 480-и пеш аз мелод лашкари Ҳахоманишиён ба Юнон ворид шуда, маъбад ва ибодатгоҳҳоро дар ин кишвар ба оташ кашиданд.