Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст
Путин дар суҳбати телефонӣ бо Трамп гуфтааст роҳи созиш бо Эрон ҳанӯз баста нашудааст
Ҳамлаи мушакии ҳусиҳо ба фурудгоҳи Эр- Риёз. 12 нафар кушта ва 309 нафар захмӣ шудаанд
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, Каллас ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигорон дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург баён кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом бузургтарин афзоиши якбораи феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия аз замони оғози ҷанги Украина мебошад.
Каллас тавзеҳ дод, ки таҳримҳои нав саноати низомии Русияро ҳадаф қарор медиҳанд. Вай афзуд, ки беш аз нисфи 1900 мавриди иловашуда ба занҷираҳои истеҳсоли мушакҳои баллистикӣ марбутанд.
Каллас дар бораи ҳамлаҳо ба корхонаҳои коркарди нафти Русия чӣ гуфт?
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин, дар изҳороти худ ба таври ғайримустақим аз ҳамлаҳои артиши Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ва зерсохторҳои энержии Русия ҳимоят кард.
Вай гуфт: “Агар ҷанг ба поён мерасид, дигар ниёзе ба ин ҳама ҳамла ба корхонаҳои коркарди нафт намебуд”.
Вокуниш ба изҳороти Трамп дар бораи раиси ҷумҳури Украина
Каллас ҳамчунин, аз изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА дар бораи зарурати ба сари қудрат омадани раиси ҷумҳури нав дар Украина интиқод кард.
Вай дар ин бора гуфт: “Қариб дар тамоми қонунҳои асосӣ пешбинӣ шудааст, ки дар замони ҷанг интихобот баргузор карда намешавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд