Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”
Покистон: Беш аз 20 000 террорист дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
Бақоӣ рӯзи душанбе, 12-уми октябр, дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки изҳороти матраҳшуда дар бораи вогузории бахше аз хоки Эрон ба Афғонистон асоси воқеӣ надорад.
Ба гуфтаи ӯ, бозтоби ин масъала дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бардошти нодуруст аз суханони яке аз намояндагони Маҷлиси Эрон будааст.
Бақоӣ афзудааст, ки мавзуи мавриди баҳс кумак ба кишварҳо барои дастрасӣ ба бандарҳо ва обҳои озод дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин тарҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон амалӣ мешавад.
Ӯ таъкид кардааст, ки то кунун ҳеч пешниҳоди расмие дар ин бора ба Афғонистон ироа нашудааст ва ин масъала танҳо дар ҳошияи як нишаст матраҳ шудааст.
Ӯ афзудааст: “Ин масъала дар ҳошияи яке аз нишастҳои расмие матраҳ шуд, ки яке аз вазирон дар Афғонистон баргузор карда буд. Мо низ эълом кардем, ки онро баррасӣ хоҳем кард”.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳанд, ки қаблан хабари ихтисоси беш аз 110 гектар замин дар Бандари Чобаҳор ба Афғонистон аз сӯйи Муҳсин Зангана, намояндаи Маҷлиси Эрон дар шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар вокунишҳоеро ба бор оварда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”