Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа бо мудири иҷроияи ширкати сармоягузории амволи ғайриманқули “Қатари Диёр” (Qatari Diar) Шайх Ҳамад ибни Талол Оли Сонӣ мулоқот намудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, ҷонибҳо, роҳҳои ҷалби сармояи Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва вазъи иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” -ро баррасӣ намудаанд.
Ҳайати Тоҷикистон барои баррасии густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ ба Қатар сафар кардааст. Дар ҷараёни мулоқотҳо намояндагони Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузории кишварро муаррифӣ намуда, бо соҳибкорони қатарӣ дар самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои муштарак гуфтугӯ кардаанд.
Ширкати “Қатар Диёр” яке аз сармоягузорони лоиҳаҳои бузург дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Яке аз тарҳҳои асосии ин ширкат дар Душанбе лоиҳаи “Диёри Душанбе” мебошад.
Дар доираи ин лоиҳа бунёди маҷмааи бисёрфунксионалӣ пешбинӣ шудааст, ки ба он биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин, инфрасохтори зарурӣ дохил мешаванд.
Тоҷикистон ва Қатар солҳои охир робитаҳои иқтисодиву сармоягузории худро густариш медиҳанд. Аз ҷумла, энергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ аз самтҳои эҳтимолии ҳамкории ду кишвар номбар мешаванд.
Миёни Душанбе ба Давҳа Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ фаъолият мекунад. Ин ниҳод яке аз механизмҳои асосии ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар аст.
Мулоқоти ахир дар Давҳа дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон талош дорад барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва инфрасохторӣ сармояи хориҷиро бештар ҷалб намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст
Гӯшти Муғулистон дар роҳ ба сӯйи Душанбе боздошт шуд