Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Ду бохти пайи ҳам дошт. Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ карда шуд
"Реал" ғалаба кард, аммо сармураббӣ мусоҳиба надод
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор гумонбар аст.
Манбаъ навиштааст, ки дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, Шакарбеков Шоҳрӯз, шаҳрванди 28-солаи яке аз кишварҳои ҳамсоя, бо гумони муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки зимни кофтуков дар ҷойи ҳодиса аз номбурда 53 адад бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохили онҳо маводи нашъадори навъи «метамфетамин» (кристалл) мавҷуд буд, дарёфт карда шуд. Инчунин, зимни азназаргузаронии манзили ба иҷора гирифтаи ӯ, воқеъ дар кӯчаи Р. Набиев, 292 грамм маводи нашъадори навъи «метамфетамин» (кристалл) дарёфт гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар маҷмуъ, аз гумонбаршуда 386 грамм маводи нашъадори навъи «метамфетамин» мусодира карда шуд.
Афзуда мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд