Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Ду бохти пайи ҳам дошт. Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ карда шуд
"Реал" ғалаба кард, аммо сармураббӣ мусоҳиба надод
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Имрӯз, 12-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст шуда, ғолибон қадрдонӣ гардиданд.
Бинобар иттилои шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, даври ниҳоии озмуни мазкур аз 5-ум то 9-уми октябр баргузор шуда, аз миёни 231 довталаб 8 нафар ба ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовор дониста шуда, 20 нафари дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ҳамин тавр, ҷойи якум насиби Мавлавӣ Қаюмов, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Фотима Саидакрамова, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат шуд. Ҷойи дуюм ба Муҳиба Абдуллоева, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Майрам Баротова, донишҷӯи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дода шуд. Ҷойи сеюм насиби Умриннисо Бердишукурова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Зира Қурбонова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шабнам Бобоёрзода, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ва Исмоил Муродзода, курсанти коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Урунов Зоҳидҷон, Мирзобекова Маҳина, Аҳмадзода Фараҳбахш, Умарзода Шоҳрух, Авғонзода Лоиқ, Садуллозода Амина, Аҳатзода Сабрина, Ҳусейнова Сарвиноз, Зайниддинзода Таҳмина ва Вализода Таҳмина сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин, аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Шоҳимардонзода Муҳаммад, Раҳмонова Фараҳрӯз, Нуруллозода Фаридун, Ҷалилзода Ҳабибулло, Шарипов Шаҳром, Миралиён Шаҳло, Суфиев Қадриддин, Сайфуллозода Беҳрӯз, Абдулмаҷидова Хазон ва Бобоҷонзода Расул низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”