Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Ду бохти пайи ҳам дошт. Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ карда шуд
"Реал" ғалаба кард, аммо сармураббӣ мусоҳиба надод
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
Манбаъ навиштааст, ки дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 6-ум то 9-уми октябр аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шуд. Инчунин, маълумоти муфассал дар ин бора, аз ҷумла бали умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 13-уми октябр ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд