12 Октябр 2026,
душанбе, 22:25, Душанбе
12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.

Ҳукумати Нарендра Модӣ, сарвазири имрӯзаи Ҳиндустон бо як ислоҳот дар сохтори интихобот заминаи эътирози хиёбонӣ дар ин кишварро фароҳам намуда аст. Ҳазорон нафар, аз ҷумла ҷонибдорони “Насли Z” ва ҷонибдорони Ҳизби Гандӣ дар эътироз ба феҳристи овоздиҳандагон ба хиёбонҳои шаҳри Деҳлии нав баромада, ислоҳоти интихоботии Модиро маҳкум намуданд.

Дар пайи ин ислоҳот, бояд номи 130 миллион овоздиҳанда аз феҳристи овоздиҳандагон хат зада шавад. Ин рақам барои кишваре, ки 1,5 миллиард аҳолӣ дорад чандон зиёд нест, аммо 130 миллион аз шумораи умумии аҳолии Мексика бештар аст.

Мухолифони ин ислоҳот мегӯянд, ки ҳукумати Нарендра Модӣ бо ин ислоҳот бисёре аз ҷонибдори “Насли Z” ва Ҳизби Гандиро аз додани овоз дар интихобот маҳрум мекунанд.

Ин лоиҳаи ислоҳоти интихобот бо номи “Бознигарии махсус ва фишурда” маъруф аст, ки боиси ба вуҷуд омадани эътирозҳои хиёбонӣ ва бархурди эътирозгарон бо полиси Ҳиндустон дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои ин кишвар шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо, полиси Ҳиндустон барои пешгирӣ аз гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии бузурги рӯзи шанбе, 10-уми октябр, шаҳри Деҳлии навро комилан ба як шаҳри низомӣ ва амниятӣ табдил додаанд. Мақомот бо гузоштани садҳои баланд, бекор кардани ҳаракати қатораҳо ба самти пойтахт ва таътил кардани 45 истгоҳи метро кӯшиш кардаанд, ки пеши эътирозҳоро гиранд.

Ҳукумати Нарендра Модӣ, ки тайи 13 сол боз дар қудрат мебошад, ин лоиҳаро як иқдоми зарурӣ барои “поксозии феҳрист аз номҳои такрорӣ, фавтидагон ва афроди бидуни салоҳият” медонад. Аз шаҳрвандон хоста шуд, ки барои исбот намудани ҳаққи овози худ санадҳои зиёд пешниҳод намоянд.

Ҳизбҳои мухолиф ва мунтақидон мегӯянд, ки ин раванд бо ангезаҳои сиёсӣ ва барои таҳким ёфтани ҳукумати феълӣ барномарезӣ шуд. Бар асоси андешаи мухолифон ин лоиҳа 200 миллион мусалмони Ҳиндустон ва ақаллиятҳои дигарро, ки эҳтимоли ҳимояташон аз ҳизби ҳокими миллатгарои ҳиндуи “Бҳаратия Ҷаната” хеле камтар аст, ба таври ноҳақ аз ҳаққи овоз додан маҳрум кардааст. Вазъият хеле печида шудааст, ки ҳатто афроди зиндае, ки дар рӯйхат мурда сабт шудаанд, водор мешаванд, ки барои исботи зинда будани худ мубориза баранд.

Дар ҷараёни эътирози хиёбонӣ Раҳул Гандӣ, роҳбари Ҳизби Конгресси Ҳиндустон ва хоҳараш Приянка Гандӣ, ҳамроҳ бо садҳо тан аз намояндагони мухолиф аз ҷониби полис ба зӯр боздошт шуда ва барои муддати кӯтоҳ бурда шудаанд.

Яке аз нуқтаҳои ҷолиби эътирозҳо роҳбарии фаъоли ҷавонони “Насли Z” дар зери номи Ҷунбиши сиёсии Ҳизби мардуми суск мебошад. Ин гурӯҳи ҷавонон аксаран синнашон аз 32 поён аст. Ин гурӯҳи ҷавонон қаблан боиси аз вазифа барканор шудани як вазири ҳукумат шуда буданд. Онҳо даъваткунандагони асосии эътирозҳои рӯзи 10-уми октябр мебошанд. Се нафар роҳбарони ин ҷунбиш, аз ҷумла асосгузори ҷунбиш Абҳит Дипке ва сухангӯи он Меҳр Парсичка, субҳи рӯзи шанбе, ҳангоми ворид шудан ба пойтахт боздошт ва ҳабси хонагӣ шуданд.

Ба ин ҳаракати эътирози гурӯҳҳои бузурги деҳқонон (ки дар соли 2020 ҳукуматро ба ақибнишинӣ водор карда буданд), Ҳизби мухолифи “Аам Аадми” ва созмонҳои донишҷӯёни чапгаро пайвастанд.

Ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ се шарти асосиро матраҳ кардаанд: якум, истеъфои Гянэш Кумар, раиси Комиссияи интихоботии Ҳиндустон (ӯро иҷрогари дастурҳои Модӣ медонанд), дувум, қатъ намудани фаврии бознигарии феҳрист то анҷом додани таҳқиқоти мустақил, севум бозгардондани рӯйхати қаблии овоздиҳандагон ва бозгашт ба низоми овоздиҳии қоғазӣ.

Дар пайи ин эътирозҳо Девони Олии Ҳиндустон ба ҳукумати Модӣ ва Комиссияи интихобот огоҳӣ дода, хостори посухи “шаффоф ва рӯшан” шудааст. Роҳинтон Нариман, қозии пешини Девони Олӣ гуфт, ки “қалби демократияи мо, яъне ҳаққи раъй дар маърази хатари бузург қарор дорад”.

Дар ҳамин ҳол, Амит Шоҳ, Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон интиқодҳо дар мавриди саркӯби эътирозгаронро рад намуда, мухолифонро ба интишори “дурӯғ ва иттилооти гумроҳкунанда” муттаҳам намудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.
12.10.2026 13:49

Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд

Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
12.10.2026 13:36

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
12.10.2026 12:00

Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои тақсими об гуфтугӯ намуда, ба ин натиҷа расиданд, ки барои фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 ҳар кишвар саҳми худ аз дарёҳои Омӯдарё ва Сирдарёро бигирад. Бар асоси иттилоъ, баъди созиши бадастомада ҳанӯз рақами мушаххас нашр нашудааст, ки кадом кишвар чӣ қадар об хоҳад гирифт.