12 Октябр 2026,
душанбе, 16:24, Душанбе
12.10.2026 12:00

Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои тақсими об гуфтугӯ намуда, ба ин натиҷа расиданд, ки барои фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 ҳар кишвар саҳми худ аз дарёҳои Омӯдарё ва Сирдарёро бигирад. Бар асоси иттилоъ, баъди созиши бадастомада ҳанӯз рақами мушаххас нашр нашудааст, ки кадом кишвар чӣ қадар об хоҳад гирифт.

Дар нишасти 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии истифодаи об, ки рӯзи 7-уми октябр дар шаҳри Авазаи Туркманистон доир шуд, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми гирифтани об ва ҷадвали пешбининамудаи кори обанборҳоро мувофиқа намуданд. Бар асоси гузориши расонаҳо иттилооти муфассал дар бораи ҳаҷми оби тақсимшуда дар замимаи протоколҳои баимзорасида дарҷ шудааст.

Бояд гуфт, ки масъалаи тақсими об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бисёр муҳим дорад. Зеро Тоҷикистону Қирғизистон барои истеҳсоли неруи барқ дар фасли зимистон ба истифодаи оби обанборҳо ниёз доранд ва бояд саҳми зиёдтар гиранд. Дар баробари ин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар фасли тобистон барои обёрии заминҳо ба об бештар ниёз доранд.

Ин фарқи манфиатҳо дар истифодаи об масъалаи ҳамоҳангсозии кори обанборҳоро ба вуҷуд овардааст. Оғоз намудани оби обанборҳо бидуни созиши ҷонибҳо метавонад сабаби обхезӣ дар минтақаҳои поёноб шавад. Ҳамчунин, сар додани об бидуни мувофиқа метавонад боиси маҳдудияти обрасонӣ дар минтақаҳои кишоварзӣ шавад.

Гуфта мешавад, ки яке аз масъалаҳои ҳалношуда дар минтақа, масъалаи тақсими хароҷоти нигоҳдорӣ ва таъмири иншоотҳои обӣ дар кишварҳо мебошад. Ҷумҳурии Қирғизистон пешниҳод кард, ки кишварҳои истифодакунандаи об дар хароҷоти нигоҳдории обанборҳову дигар иншооти гидротехникӣ саҳми худро гузоранд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон моҳи апрели соли 2026 таъсиси механизми ҷубронпулӣ дар соҳаи обу энергетикаро пешниҳод намуд. Ин пешниҳод, пардохти маблағ, таъмини неруи барқ ва сармоягузории муштарак барои навсозии инфрасохтори обиро дарбар мегирад. Вале Ӯзбекистону Қазоқистон ба пардохти пули истифодаи об мухолифат намудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки созишномаи амалкунанда чунин уҳдадориҳои молиявиро пешбинӣ намекунад.

Ноҳамоҳангӣ дар истифодаи об дар гузашта дар минтақа оқибатҳои ҷиддӣ ба бор оварда буд. Моҳи феврали соли 2004 боло рафтани сатҳи оби Сирдарё боиси обхезӣ дар вилояти Қизилордаи Қазоқистон гардид. Бар асари ин ҳодиса 200 оила водор ба тарки хонаҳои худ шуданд.

Қобили зикр кард, ки дар минтақаи Омӯдарё низ баҳсҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон, дар робита ба бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” солҳои зиёд идома доштанд. Ӯзбекистон нигарони он буд, ки бунёди Роғун метавонад ба ҳаҷми обе, ки ба минтақаҳои кишоварзии поёноб мерасад, таъсир расонад.

Муносибатҳои ду кишвар, баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2026 тадриҷан беҳтар шуданд ва ҷонибҳо барои баррасии лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ рӯ оварда буданд.

Дар минтақаи Исфара, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ баҳс бар сари иншооти тақсимоти оби дарёи Исфара дар моҳи апрели соли 2021 ба задухӯрди мусаллаҳона табдил шуд. Дар ин низоъ беш аз 50 нафар куштаву садҳо нафар маҷруҳ шудаанд. Бо вуҷуди ин, ихтилофи ду кишвар фақат ба масъалаи об маҳдуд набуд, балки баҳсҳои марзӣ низ дар авҷ гирифтани низоъ нақш доштаанд.

Баъди расидан ба созишномаи сулҳ ду кишвар моҳи марти соли 2025, баъди музокироти тӯлонӣ созишномаи марзиро имзо намуданд, ки яке аз ин созишномаҳо вобаста ба канали обтақсимкунӣ буд.

Дар баробари тақсими захираҳои мавҷудаи об, чанкунии  дақиқи ҳаҷми об дар дарёҳои минтақа низ ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷонибҳо табдил ёфт.

Ишора мешавад, ки дар истгоҳи гидрологии Керки Туркманистон дар ҳангоми муайян шудани об, нишондиҳандаҳои мухталифи ҷараёни об сабт шудаанд. Комиссияи байнидавлатӣ ба мутахассисон супориш дод, ки сабаб ва омилҳои ин фарқиятро муайян кунанд.

Зикр мешавад, ки фарқияти нишондиҳандаҳо ҳатман ба маънои хатои ченкунӣ ё вайрон шудани созишномаи обро надорад. Суръати ҷараён, умқи обу тағйирёбии маҷрои дарё низ метавонад ба натиҷаҳо таъсир гузорад. Бо вуҷуди ин, маълумоти дақиқ барои муайян кардани ҳаҷми воқеии об ва назорати иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ зарур аст.

Масъадаи дигар бунёди канали Қӯштеппа дар Афғонистон аст, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон бунёд мешавад ва дар сурати ба истифода додани он ҳаҷми зиёди оби дарёи Омӯ ба он интиқол меёбад. Ин лоиҳа барои интиқоли оби Омӯдарё ба заминҳои кишоварзии шимоли Афғонистон пешбинӣ шудааст ва интизор меравад дар соли 2028 ба анҷом расад.

Бар асоси арзёбии коршиносон ин лоиҳа метавонад ба ҳаҷми обе, ки ба Ӯзбекистону Туркманистон мерасад, таъсир расонад. Аз ин рӯ, зарурати ҳамоҳангсозии истифодаи захираҳои Омӯдарё бештар мешавад.

Барои Тоҷикистон масъалаи тақсими об на фақат ба кишоварзӣ, балки ба истеҳсоли неруи барқ низ алоқаманд мебошад. Идора намудани обанборҳо бояд ҳам талаботи энергетикии кишварҳои болооб ва ҳам ниёзҳои обёрии кишварҳои поёнобро ба назар гирад.

Ба созиш расидан дар мавриди истифодаи об барои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 қадаме барои ҳамоҳангсозии минтақавӣ дар масъалаи истифодаи об аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.
12.10.2026 13:49

Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд

Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
12.10.2026 13:36

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
12.10.2026 12:00

Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои тақсими об гуфтугӯ намуда, ба ин натиҷа расиданд, ки барои фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 ҳар кишвар саҳми худ аз дарёҳои Омӯдарё ва Сирдарёро бигирад. Бар асоси иттилоъ, баъди созиши бадастомада ҳанӯз рақами мушаххас нашр нашудааст, ки кадом кишвар чӣ қадар об хоҳад гирифт.
12.10.2026 09:43

Путин дар суҳбати телефонӣ бо Трамп гуфтааст роҳи созиш бо Эрон ҳанӯз баста нашудааст

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар суҳбати телефонӣ бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зарурати ҳалли ихтилофҳо бо роҳи дипломатӣ таъкид намудааст. Дар ин бора, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Русия хабар додааст.
12.10.2026 09:22

Рубио бо нақли таърих ба зидди Эрон ҳарф зад: Ҳахоманишиён ба Юнон ҳамла карданд ва маъбаду иботатгоҳҳоро оташ заданд

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сафари ахири худ ба Юнон ба таърих рӯ оварда, гуфт, ки соли 480-и пеш аз мелод лашкари Ҳахоманишиён ба Юнон ворид шуда, маъбад ва ибодатгоҳҳоро дар ин кишвар ба оташ кашиданд.