Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”
Покистон: Беш аз 20 000 террорист дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Покистон: Беш аз 20 000 террорист дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд
Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, гуфтааст, ки беш аз 20 ҳазор террорист, аз ҷумла зиёда аз 9 ҳазор узви гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” (ТТП), дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд.
Ба гузориши расонаҳои Покистон, Тарор рӯзи душанбе, 12-уми октябр, гуфтааст, ки ин афрод дар паноҳгоҳҳои амн дар қаламрави Афғонистон ҷойгир буда, дар он ҷо омӯзиш мегиранд.
Вай афзудааст, ки Покистон хостори поён додан ба ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Афғонистон аст.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, низ рӯзи якшанбе, 11-уми октябр, аз гурӯҳи террористии Толибон хостааст, ки аз фаъолияти “унсурҳои террористӣ” ҷилавгирӣ кунанд.
Ба гуфтаи Шариф, Исломобод борҳо ин талабро бо Толибон дар миён гузоштааст, аммо ба иддаои ӯ, Толибон то ҳол ин масъаларо дарк накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Толибон ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад карда, борҳо таъкид намудаанд, ки иҷозат намедиҳанд аз қаламрави ин кишвар алайҳи давлатҳои ҳамсоя истифода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”