4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:41, Душанбе
12.06.2025 16:45

Барандагони ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагон маълум шуданд

Нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Адабиёт ва санъат” хабар медиҳад, ки барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар бахши наср) ва ба номи Мирзо Турсунзода муайян шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки имрӯз, 12-уми июн дар маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар натиҷаи овоздиҳии аъзои Раёсат асарҳои зерин ба ҷоизаҳои адабии ИНТ сазовор дониста шуданд:

Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар бахши наср):

«Обними меня» (китоби ҳикояҳо). Ҳафиз Сайфуллоев;

«Офтоби беғуруб» (маҷмуаи қиссаҳо, ҳикояҳо, эссе). Нозир Ёдгорӣ;

«Асарҳои мунтахаб», ҷилди 10 (романҳои «Теғи сухан», «Бо навои борон»). Шарифбек Азизӣ;

«Оҳанги зиндагӣ» (ҳикояҳои 24 адиби ҷаҳон). Тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод.

Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода:

«Сенуқта» (маҷмуаи ашъор). Нарзуллоҳи Азизиён;

«Табассуми ишқ» (маҷмуаи ашъор). Рӯдобаи Мукаррам;

«Шасти Равшан» (маҷмуаи ашъор). Равшан Ҳамроҳ;

«Дили афрўхта» (маҷмуаи ашъор). Хурсандӣ Ҳоҷимурод;

«Край мой родимый» (маҷмуаи ашъор). Саид Сангин;

«Парвини хаёл» (маҷмуаи ашъор). Саъдӣ Мирзо.

Гуфта мешавад, ки ҷоизаҳо дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба барандагон супурда мешаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо