Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Нокомии фаъолони аврупоӣ дар шикастани муҳосираи Ғазза. Тунберг гуфт низомиёни Исроил онҳоро дуздиданд
Грета Тунберг, фаъоли муҳити зист аз Шветсия гуфт, ки неруҳои артиши Исроил ӯ ва гурӯҳи фаъолони ҳамроҳашро дар обҳои байналмилалӣ боздошт намуда, маҷбуран ба қаламрави Исроил интиқол доданд.
Хабаргузории Рейтерз гузориш дод, ки рӯзи сешанбе Тунберг пас аз депорт аз Исроил дар майдони ҳавоии Шарл-де-Голли Порис ба хабарнигорон гуфт, ки мақомот онҳоро дар шароити ғайриқонунӣ боздошт карда буданд. Ин гурӯҳ бо киштии боркаши “Мадлен” мақсади шикастани муҳосираи баҳрии Ғаззаро доштанд.
Грета Тунберг, ки 22 сол дорад, афзуд “мо ҳеч қонунеро вайрон накардаем ва аз имзои ҳар гуна санад дар бораи воридшавии ғайриқонунӣ ба Исроил худдорӣ кардем”. Ӯ иттиҳоми вобаста ба таблиғотӣ будани ин иқдомро рад кард ва гуфт, ки талошҳои гузаштаи худ оид ба шикастани муҳосира ва кумак ба мардуми Ғаззаро идома хоҳад дод.
Чанде қабл Грета Тунберг бо як гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ғарбӣ дар киштии “Мадлен” нишаста, бо ҳадафи шикасти муҳосираи Ғазза вориди ин минтақа шуданд. Неруҳои артиши Исроил мухолифати шадид нишон дода, онҳоро боздошт ва аз обҳои байналмилалии Ғазза депорт карданд.
Грета Тунберг бо ишора ба интиқодҳои ахири президенти Амрико Доналд Трамп бо шӯхӣ гуфта буд, ки “ҷаҳон ба духтарони ҷавони хашмгин бештар ниёз дорад”.
Ҳафтаи гузашта киштии “Мадлен” бо 12 нафар ихтиёрӣ ва фаъоли ҳуқуқи башар аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Грета Тунберг, Лиам Канингем (ҳунарманди ирландӣ), Рима Ҳасан, (узви парлумони Аврупо) ва фаъолони шаҳрвандӣ аз Фаронса, Олмон, Нидерландия, Испания ва Туркия ба сӯйи Ғазза равон шуда буд. Онҳо мехостанд барои шикастани муҳосираи ҳамаҷониба ба минтақаи Навори Ғазза аз тариқи обҳои байналмилалӣ ворид шаванд.
Киштӣ дар вақти наздик шудан ба обҳои наздики Фаластин аз сӯйи неруҳои Исроил боздошт ва мусодира гардид. Ба гуфтаи фаъолон ҳадафи онҳо расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми таҳти муҳосираи Ғазза буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд