4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:35, Душанбе
11.06.2025 11:00

Мубориз Усмонов дар бораи ҳамкорӣ бо Мадина: “Мо нақши ошиқонро хуб бозидем”

Сарояндаи тоҷик Мубориз Усмонов дар барномаи “АвтоГап”-и Азия-Плюс доир ба ҳамкории зичаш бо Мадина Ақназарова ва рекорди намоҳанги “Кам-кам дил меканам” аз ҳисоби тамошо дар Ютуб гуфт.

Мубориз Усмонов дар бобати муносибаташ бо сарояндаи овозадор Мадина Ақназарова чунин мегӯяд: “Овозаҳои зиёданд. Ҳам аз ман ва ҳам аз Мадина мепурсанд, ки оё мо муносибати ошиқона дорем? Аммо дар асл чунин нест, мо танҳо ҳамкор ҳастем ва муносибатамон корӣ аст. Шояд сабаби чунин фикрҳо ва овозаҳо он бошад, ки ману Мадина дар намоҳангҳоямон нақши ошиқонро хуб бозидем. Аммо дар асл мо дар зиндагӣ ошиқи ҳам нестем, балки дӯстӣ наздик ҳастем”.

Мубориз Усмонов ба дӯстӣ миёни марду зан бовар дошта, мегӯяд, ки аз ҷинси латиф дӯстони хеле зиёд дорад.

Дар мавриди суруди машҳури “Кам-кам дил меканам”, ки аз ҳисоби тамошо дар Ютуб рекорд гузоштааст, яъне то имрӯз 48 миллион маротиба бозбинӣ шудааст, Мубориз Усмонов мегӯяд: “Афсӯс мо формулаи чунин муваффақиятро кашф накардем, вагарна дар ҳар сурудамон истифода мебурдем”.

Ҳамчунин, дар барнома Мубориз Усмонов доир ба харобшавиаш мегӯяд. Ӯ нақл мекунад, ки бидуни дорӯе, танҳо бо машқ кардан дар муддати 3-4 моҳ 22 кило вазнашро кам кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо