Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Бозгашти Фараҳноз Шарафова бо армуғон. Ӯ ба мухлисонаш чӣ гуфт?
Фараҳноз Шарафова, сарояндаи ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик дар саҳифаи расимиаш дар Инстаграм хабар дод, ки пас аз танаффуси зиёд дубора ба саҳна баргашт.
Ӯ дар номааш дар баробари муҳаббату самимияти алоқамандони ҳунараш ташаккур гуфта, чунин навиштааст:
“Муҳаббати шумо маро водор намуд, ки дубора ба саҳна баргардаму зеботарин таронаҳоро баҳратон тақдим намоям. Кӯшиш менамоям, ки ба ҳама муҳаббат ва эҳтироми шумо сазовор бошам”.
Сароянда ҳамчун армуғони бозгашт суруди навашро бо номи “Каҷкула” дар саҳифаи расмиаш дар Ютуб нашр кардааст. Суруди мазкурро дар ду шабонарӯз зиёда аз 340 ҳазор нафар бозбинӣ кардаанд. Намоҳанги “Каҷкула” аз рӯзгори як оила ҷавон қисса мекунад, ки зан ба шубҳаҳои дӯстонаш бовар карда, ба шавҳараш рашки ноҷо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Фараҳноз Шарафова пас аз оиладор шуданаш муддате аз саҳна дур шуда, ҳатто аксу наворҳояшро аз саҳифаи расмиаш дар Инстаграм тоза намуда буд. Ҳоло бошад, баробари бозгашташ боз дар саҳифааш аксу навор мегузорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид