Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Дар бомбаборони Исроил ба бемористони Носири Ғазза як журналист кушта шуд
Бар асоси охирин омори Вазорати тандурустии вобаста ба гурӯҳи Ҳамос, аз оғози ҷанг то кунун ҳадди ақал 52,862 ҳазор фаластинӣ дар минтақаи Ғазза кушта шудаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо баъд аз он ки дирӯз муддати кӯтоҳе оташбас эълон шуд, то Адан Александр, асири исроилӣ-амрикоӣ ба Салиби Сурх супурда шавад, артиши Исроил рӯзи сешанбе, 13-уми май бинои бемористони Носир дар шаҳри Хон-Юнус, воқеъ дар ҷануби навори Ғаззаро бомбаборон кард.
Бомбаборони Исроил боиси кушта шудани Ҳасан Аслеҳ, рӯзноманигори фаластинӣ шуд, ки дар лаҳзаҳои бомбаборон дар бемористон таҳти муолиҷа қарор дошт.
Артиши Исроил қаблан эълон карда буд, ки ҳадафи суиқасд ба Аслеҳро дар як ҳамла ба хаймаи рӯзноманигорон пайгирӣ кардааст, ки дар ҷараёни он ду тан аз ҳамкоронаш кушта ва худи ӯ бо чанд хабарнигори дигар маҷруҳ шуда буданд.
Субҳи имрӯз низ артиши Исроил эълон кард, ки “маркази фармондеҳӣ ва назорати вобаста ба Ҳамос” дар дохили бемористони Носирро мавриди ҳамла қарор додааст. Ин марказ, ба гуфтаи артиши Исроил, “барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ” истифода мешуд.
Артиши Исроил бо нашри баёния гуфтааст, ки ҳамла бисёр дақиқ анҷом шуд ва афзуд, ки “Роҳбарони аршади Ҳамос ҳамоно аз муҳити бемористон барои пешбурди фаъолиятҳои террористӣ истифода мекунанд ва ошкоро ғайринизомиёни дохил ва атрофи бемористонро ба ҳайси сипари инсонӣ истифода мебаранд”.
Иддаои артиши Исроил дар хусуси истифодаи бемористонҳо ба ҳайси маркази низомӣ борҳо аз сӯйи Ҳамос рад шуда ва бархе ниҳодҳои байналмилалии нозир дар дохили хоки Ғазза низ онро рад кардаанд. Бо вуҷуди талошҳои бархе кишварҳо барои барқарор шудани оташбас Исроил ҳамлаҳои ваҳшатнокро дар Ғазза идома медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд