Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Чашмпизишкони олмонӣ дар Тоҷикистон 30 ҷарроҳии чашм мегузаронанд
Як гурӯҳ ҷарроҳони чашм аз Олмон ба Тоҷикистон омадаанд, то як қатор ҷарроҳӣ, мубодилаи таҷриба ва машварат бо духтурони маҳаллиро анҷом диҳанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки сафари чашмпизишкони олмонӣ як бахши ҳамкориҳои мушаххаси дарозмуддат миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи тандурустӣ буда, дар солҳои охир дастовардҳои муҳим доштааст.
Ғафур Муҳсинзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 –уми апрел бо чашмпизикшони олмонӣ мулоқот анҷом дода, дар ҷараёни мулоқот нақшаҳои ҷарроҳӣ ва ташхиси беморонро мавриди баррасӣ қарор дод.
“Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии федеративии Олмон дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла чашмпизишкӣ доиман рушд мекунанд ва суди воқеӣ ба мардуми мо меоранд. Сафари мутахассисони олмонӣ ба беҳтар шудани сифати ёрии тиббӣ дар кишвар ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси табибони мо мусоидат хоҳад кард”- гуфт Ғафур Муҳсинзода.
Ҳадафи асосии сафари чашмпизишкони олмонӣ ба Тоҷикистон расонидани ёрии тиббӣ ба беморони дорои бемориҳои мухталифи чашм ва табодули таҷриба аст. Дар ин сафар, чашмпизишкони олмонӣ ташхис, машварат ва ҷарроҳиро барои беморони гирифтори бемориҳои мухталифи чашм, аз ҷумла катаракта, глаукома ва ғайра анҷом медиҳанд. Таҷҳизот ва усулҳои муосири ташхис ва муолиҷа низ ба ҳамкорони тоҷик пешниҳод мегардад.
Чашмпизишкони олмонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шифобахш, ки яке аз муассисаҳои пешрафтаи кишвар аст, барои 30 нафар беморон ҷарроҳии чашм анҷом хоҳанд дод.
Гурӯҳи табибони тоҷик ҳамроҳ бо мутахассисони олмонӣ дар раванди ҷарроҳӣ ширкат хоҳанд кард, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи тахассуси табибони тоҷик ва ворид кардани технологияҳои нави тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод