Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Нахустин бор дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби рагҳои сонӣ анҷом дода шуд
Табибон барои нахустин бор дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷҳизоти муосир амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ барои барқарор намудани рагҳои каротидӣ (сонӣ) –ро анҷом доданд. Ин амалиёти ҷарроҳӣ дар шуъбаи нейрохирургии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” гузаронида шуд.
Бемор як марди 56 – сола бо номи Мирвалӣ Нуралиев аз ноҳияи Рашт буд, ки бо ташхиси сактаи мағзӣ, фалаҷи қисми рости бадан, нуқси гуфтор ва равонӣ ба беморхона интиқол дода шуд.
Бар асоси ташхис бемор ба тромбоз ва басташавии рагҳои каротидӣ дучор шуда буд, ки ҳолати ӯро бадтар мекард. Баъди ташхиси ҳамаҷониба мушаххас гардид, ки ҷарроҳии таъҷилӣ барои барқарор намудани гардиши хуни марғи сар зарур аст.
“Дар вақти амалиёт мо пайвасткунии рагҳоро миёни қисми болоии раги гардан ва рагҳои дохилии мағзи сар анҷом додем, ки ба бартарафсозии пурраи тангшавии рагҳо мусоидат намуд. Баъд аз амалиёт бемор тавонист узвҳояшро ҳаракат диҳад, гуфтораш беҳтар шуд ва хотирааш тадриҷан бақарор мегардад” – гуфт ҷарроҳ Назруллоҳ Раҳимов.
То ба имрӯз анҷом додани чунин амалиётҳо дар Тоҷикистон ғайриимкон буд, зеро таҷҳизоти муосир ва малакаҳои зарурии амалӣ мавҷуд набуданд. Қаблан, бисёре аз беморон пас аз сактаи мағзӣ бо фалаҷ ва нуқси гуфтор боқӣ мемонданд ва наметавонистанд ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.
“Ҳоло бо пайдоиши шароити зарурӣ барои ташхис ва муолиҷа чунин амалиётҳо дар кишвари мо имконпазир шудаанд. Мо ифтихор дорем, ки метавонем ба беморон барои баргашт ба ҳаёти муқаррарӣ кумак расонем” – афзуд Раҳимов.
Табибони Марказ дар муассисаҳои пешрафтаи тиббии ҷаҳонӣ аз омӯзиш гузаштаанд ва ҳоло аз усулҳои муосири муолиҷа фаъолона истифода мебаранд. Ба гуфтаи намояндагони Марказ, истифодаи технологияҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод