Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Идомаи “Парвандаи пиджакҳо”. Михаил Саакашвили ба 9 сол зиндон маҳкум шуд
Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвили барои сарф кардани маблағҳои буҷетӣ аз сӯйи додгоҳи шаҳри Тифлис ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
Тибқи қарори додгоҳ Михаил Саакашвили барои сарфи 3 миллион доллар маблағҳои буҷет ба ҳабс маҳкум шуда, то 3 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум гардид.
Дар парвандаи мазкур, ки бо номи “парвандаи пиджакҳо” маъруф аст, собиқ раиси Хадомоти махсуси муҳофизат Теймураз Ҷанашия низ гумонбар дониста шуд ва ба ӯ 300 ҳазор лари гурҷӣ ҷарима таъйин карда шуд.
Тибқи иттилои расонаҳо, муттаҳам кардани президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвили ҳанӯз соли 2014 эълон шуда буд. Прокуратура ӯро ба исрофи зиёда аз 8,8 миллион лари (3 миллион доллар) аз моҳи сентябри соли 2009 то феврали соли 2013 гумонбар медонад.
Муфаттишон гуфтаанд, ки ин маблағ барои истироҳати ӯ дар меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, ташриф ба клиникаҳои косметологӣ ва хариди либос сарф шудааст. Дар парванда хариди 7 пиджак ва як палтои варзишии пашмин аз Лондон ба маблағи 28,6 ҳазор доллар, 2 костюми дастӣ ба маблағи 4600 доллар зикр шудааст.
Михаил Саакашвили аз 1-уми октябри соли 2021 дар зиндон қарор дорад. Ҳукми нави додгоҳ аз ҳамон сана ҳисоб мешавад. Ҳоло бар зидди ӯ парвандаҳои дигар, аз ҷумла пароканда кардани эътирози мухолифин дар 7-уми октябри соли 2007 ва убури ғайриқонунии сарҳад дар тафтишот идома доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод