Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Бонуи ихтироъкори тоҷик дар Кувайт соҳиби медали тилло шуд
Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Омина Холиқзода дар 15-умин форуми байналмилалии ихтироъкорон, ки дар кишвари Кувайт баргузор гардид, медали тилло ба даст овард.
Омина Холиқзода дар форум моддаи ихтироъкардаи худ ба номи “Тагетол” –ро муаррифӣ кард, ки хусусияти ҳепатопротекторӣ (муҳофизати ҷигар), талхадон, антиоксидандӣ, детоксикатсионӣ ва зиддиилтиҳобӣ дорад. Дору дар асоси равғани эфирии гиёҳи тагетеси майдагул, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, омода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар форуми ихтироъкорон намояндагони 66 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла панҷ олим аз Тоҷикистон ширкат намуданд. Бар асоси натиҷагирии озмун Омина Холиқзода ҷойи якумро соҳиб гардида, медали тилло ба даст овард.
Форуми байналмилалии ихтироърон аз соли 1974 доир мешавад ва яке аз бузургтарин платформаҳо барои муаррифии ихтирооти нав ва рушди технологияҳои ҷадид аст. Дар ин форум олимон, муҳандисон ва муҳаққиқон аз тамоми ҷаҳон ширкат намуда, дастовардҳои худро муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи форум табодули тарҷиба намуда, ба ихтирооти нав ошно мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод