Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Тоҷикистон хост парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва шаҳрҳои Абу-Забӣ ва Шарҷа боз шавад
Мақомоти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тафоҳум намуданд, ки парвозҳои мустақими ҳавоиро миёни шаҳрҳои Душанбе, Абу-Забӣ ва Шарҷа роҳандозӣ кунанд.
Ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ (Global Implementation Support Symposium), ки рӯзҳои 10-12-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Абу-Забӣ багузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар ин чорабинӣ Хуан Карлос Саласар, котиби генералии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Николас Ралло, директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ, директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва зиёда аз 35 намояндагони мақомоти ависатсионии кишварҳои мухталифи ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар симпозиуми мазкур Ҳабибулло Назарзода оид ба масъалаҳои бехтарии авиатсионӣ ва ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии авиатсионӣ (ИКАО) ва кишварҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, ба густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа таъкид намуд.
Дар доираи сафар ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Ҳабулулло Назарзода бо Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ масъалаи кушодани хати парвози мустақим дар масирҳои Душанбе-Абу-Забӣ ва Душанбе- Шарҷаро баррасӣ кард.
Ҳабибулло Назарзода, инчунин, бо роҳбарияти ширкатҳои “Air Arabia” ва “Wizz Air” мулоқот намуда, дар хусуси оғоз кардани масирҳои нави ҳавоӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи авиатсияи Тоҷикистон гуфтугӯ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад