31 Октябр 2026,
шанбе, 09:40, Душанбе
14.02.2025 09:02

Ректори Донишгоҳи тиббӣ: “Табиб бояд гиребонгири одам набошад”

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигорон оиди қазияи донишҷӯёне, ки 1 нафарро латукӯб карда, дастгир шуда буданд, ҷавоб дода гуфт, ки ҳамаи онҳо тибқи муқаррароти Донишгоҳ хориҷ карда шуданд ва фармони ихроҷи онҳо баъди як рӯзи иҷрои ҷинояташон имзо гардид.

Муҳиддин Нуриддин, доктори илмҳои тиб, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо баёни нуктаҳои муҳимми ахлоқӣ, ки хусусан барои донишҷӯйёни духтуршаванда муҳим аст, гуфт, табиб бояд пеш аз ҳама инсондӯст ва инсонпарвар бошад.

“Агар ҷавоне, ки ҳиссиёти инсондӯстӣ надошта бошад, беҳтараш ин риштаро интихоб накунад. Ин ихтисос саропо муҳаббат ба инсонро талаб мекунад. Муҳаббати духтур ба ҷомеа бояд беандоза бошад ва аз дигарон фарқ кунад. Он муҳаббат бояд бо самимияти воқеӣ омехта бошад” – афзуд Муҳиддин Нуриддин.

Ёдовар мешавем, ки 6-уми феврали соли ҷорӣ як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Бобоев М., сокини 29-солаи н. Деваштичро мавриди латукӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда буданд. Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт донишҷӯёни курси дуюми донишгоҳи мазкур Юсупов А., Сайитов Ҷ., Шомуродов Х., Бабакулов И., Икромзода А., ва Самадов Ш. дастгир карда шуданд. Дар натиҷа барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати ҳамаи иштирокчиёни муноқиша бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.  

Ҳоло нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҳоли баргузорӣ аст. 

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.