4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:37, Душанбе
27.01.2025 13:37

Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ ба UNESCO ворид мешаванд

Имрӯз, 27-уми январ вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки айни замон корҳо дар самти таҳия ва ворид намудани номинатсияҳои Ахтаршиносӣ/ситорашиносӣ", афсонаҳои "Ҳазору як шаб" ва "Нардбозӣ" ҳамчун бозии миллӣ ва мардумӣ ба феҳристи ғайримоддӣ UNESCO ҷараён доранд.

Иттилоъ дода шуд, дар баробари бозиҳо, номинатсияи “Тоқӣ” низ ба феҳристи ғайримоддӣ UNESCO пешбарӣ мешавад.

Вазири фарҳанг афзуд, ки ҳоло аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ такмил шуда истодааст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Тоҷикистону Эрон "Ҷашни Меҳргон" ва ҳамчунин, номинатсияи дигари муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон "Санъати сохту навохтани рубоб" ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Ҳамчунин, маълумот додаш шуд, ки дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Фарғона-Сирдарё» корҳои номинатсионӣ идома дошта, Парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” бо фарогирии 11 (ёздаҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо