Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
10 кӯдаки гирифтори бемории дилро дар Чин ройгон табобат мекунанд
Дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе 10 кӯдаке, ки гирифтори бемории модарзоди дил буданд, барои табобати ройгон ба вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин фиристода шуданд.
Ин иқдоми башардӯстона дар чорчӯби созишномаи байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Халқии Чин сурат мегирад.
Табобати кӯдакони бемор аз 11-уми январ то 20-уми январи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Дар маросими фиристодани тантанавии кӯдакон Сафири фавқулода ва мухтори Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин ва муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода иштирок намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Чин Ҷи Шумин изҳор дошт, ки “Чунин ташаббус намунаи дурахшони дӯстии мустаҳками мост. Чин ва Тоҷикистон- шарикони стратегӣ буда, омодаанд дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ҳамдигарро дастгирӣ намоянд. Ғамхорӣ дар бораи саломатии кӯдакон афзалияти умумии мо аст”.
Муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода таъкид кард, ки “Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тиб ҳамасола таҳким меёбад. Мо аз ҳамкорони худ барои фароҳам овардани имконоти муолиҷаи ройгон миннатдорем ва итминон дорем, ки кӯдакон солим ба хона бармегарданд”.
Иқдоми мазкур бахше аз барномаи ҳамкориҳои беҳдоштӣ дар чорчӯби ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистон ва Чин мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод